Абдулаҳад Қаҳҳоров – сарвазири мардумӣ

Ин мулоҳизаи адабиётшиноси маъруфи эронӣ, донишманди беназир, доктор Бадеъуззамони Фурӯзонфар ҷолибу муассир аст, ки «дар байни роҳбарони воломақоми Тоҷикистон Садри Аъзами он Абдулаҳад Қаҳҳоров аз дигарон донишманду бофарҳангтар ба чашм мехӯрд». Аз ин рӯ, ӯро, бешак, сарвазири нотакрори мардумӣ ва ҳам мисоли вазири бузурги Сомониён Абулфазли Балъамӣ пуштибони илму фарҳангу адаб ва аҳли ҳунар шинохта ва ба ҷойгоҳаш баҳои сазовор додаанд…

Дар бораи ин арбоби намоёни давлату ҷомеа, сиёсатмадори соҳибмактаб, хирадманд ва соҳибнуфуз, раиси Шурои Вазирони Тоҷикистон, олим, шоир, инсони комил Абдулаҳад Қаҳҳоров (1913-1984) хеле зиёд навишта ва дар оянда ҳам аз хусуси заҳматҳои шаборӯзии ин шахсияти номвар ба манфиати кишвари бузург ва мардуми соҳибзаҳмат, афзун бар ин чигунагии тарбияву парвариши фарзандони некманиш боз ҳам бештар хоҳанд навишт.

Абдулаҳад Қаҳҳоров дастпарвари Институти педагогии ба номи С. М. Кирови шаҳри Ленинобод (ҳоло Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров) ва курси бозомӯзии роҳбарии ҳизбию шуравии шаҳри Маскав буд ва солҳо дар шаҳрҳои гуногуни Хӯқанд (нозири шуъбаи меҳнат), Конибодом (раиси кумитаи иттифоқи касабаи сохтмон, раиси иттифоқи касабаи комбинати консервбарорӣ), Панҷакент (котиби кумитаи комсомолӣ, мудири шуъбаи «Тоҷиктранс», ҷонишини раиси кумитаи иҷроия, мудири шуъбаи тарғибӣ ва ташвиқӣ), Ленинобод (мудири шуъбаи тарғибӣ ва ташвиқӣ, котиб, котиби дувуми кумитаи ҳизбӣ, раиси комиҷроияи вилоят), Айнӣ ва Нов (котиби аввали кумитаи ҳизбӣ) ба фаъолият пардохтааст.

Марҳалаи дигари фаъолияти ӯ ба сифати ҷонишини раиси Шурои Вазирони Тоҷикистон, раиси Кумитаи давлатии банақшагирии Тоҷикистон, раиси Шӯрои Вазирони Тоҷикистон, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон (пас аз нафақа сардори Идораи бойгонии назди Шурои Вазирони Тоҷикистон) низ барои таърихи навини кишвари мо хеле пурфоида ва сабақангез будааст. Се ордени Ленин, се ордени Байрақи сурхи меҳнат, ордени Инқилоби Октябр, орденҳои Ҷанги ватанӣ (дараҷаҳои 1 ва 2), унвони «Коркуни хизматнишондодаи маданияти Тоҷикистон» дорад.

Ба гуфтаи сиёсатмадори номӣ Ортиқ Қурбонов, «Абдулаҳад Қаҳҳоров хусусан солҳои раиси Шурои Вазирони ҷумҳурӣ буданаш худро чун фарди ҳамаҷониба камолёфта, сиёсатмадор, дипломат, дурандеш, бамаърифат ва соҳибқаламу суханвар нишон додааст. Маданияти баланди сарварӣ дошта, бо одамон доимо орому ботамкин муносибат менамуд. Ҳамкорону тобеонро на бо мансабу лафзи боисрор, балки бо мантиқи сухану далелҳои раднопазир бовар мекунонд. Абдулаҳад Қаҳҳоров дар давоми фаъолияти давлатдориаш ва тамоми умр ба пайванди халқҳо ва мустаҳкам намудани дӯстиву рафоқати онҳо мекӯшид. Ба маҳалгароӣ чун унсури пасту халалдоркунандаи дӯстӣ бо нафрат менигарист ва ба мутахассисону роҳбарони ҷавон аз рӯйи лаёқату дониш баҳо медод.

Дар мусоҳибаҳояш бо адабиётшиносон, адибон ва намояндагони санъат аён шуда меистод, ки ин шахс ҳар як соату дақиқаи фориғ аз кори давлатро ба омӯхтани адабиёту санъат мебахшад».

Абдулаҳад Қаҳҳоров «сиёсатмадори волозавқ»-е буда, ки бо «маданияти маънавӣ»-у «чашмандози вусъатнок»-аш ба шеваи кори раҳбарии садҳо аҳли сиёсат, илму фарҳанг ва адаб таъсири хосе гузоштааст…

Ҳамзамон Қаҳҳоров дар байни раҳбарон фарди соҳибқаламе буда ва китобҳои ҷолибе бо сабку савияи хосе навишта, ки «Ёрии бародарона ва ҳамкории судбахш» (Москва, 1959), «Кумаки Иттифоқи Советӣ ба мамлакатҳои Шарқ» (1960), «Африка озоду шукуфон гардид» (1962), «Дар партави озодӣ» (Душанбе, 1966), «Роҳҳо ва мулоқотҳо» (1967), «Дилҳои пурошӯб» (1974) аз ин ҷумлаанд.

Равшан аст, ки ин арбоби камназири давлат ва сиёсатмадори бузурги тоҷик «тамоми умр ба адабиёти гузашта ва муосир сарукор дошт»-а, «қадри шеъру шоириро медонист»-а, «ба суханони асил ва воломақом шефтаву шайдо буд»-а, табъи баланди шоирӣ дошта ва бо тахаллуси Туробӣ шеър низ мегуфта. Хонандаи гиромӣ агар хоҳаду майл пайдо намояд, дар бораи Туробӣ – Қаҳҳоров «Варақе аз баҳори умр» ном портрети хонданиву пурбори профессори шодравон, адабиётшиноси покизакор Шарифҷон Ҳусейнзодаро дар маҷмуаи «Ангезаи меҳр» (Душанбе, 1989) варақ гардонад, ростӣ аз хондани он бисёр ангезаи нотакрор хоҳад бардошт. Ин чеҳраи мунир дар ин асар хеле ҷолиб ва боҳарорат офарида шудааст.

Афзун бар ин, Қаҳҳорови номӣ фарзандони шуҳратёре ба воя расонида, ки Мамлакат (депутат), Назираву Наима (олими адабиётшинос), Абдурашид (муаллим), Абдураҳим (генерал) ном доранд. Шубҳа нест, ки меҳри нотакрори суханварӣ ва тоҷикияту тоҷикипарвариро дар дилу дидаи фарзандон падари бузургвор бо сириште нотакрори суханоин ҷой карда будааст. Аз шодравон Абдулаҳад Қаҳҳоров «Ёддоштҳо»-е мерос мондааст, ки ба нашр нарасида.

Ҳамзамон навозандаи моҳири рубоб ҳам будааст.

Ёдаш ба хайр!

Субҳони АЪЗАМЗОД

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *