Трамп истифодаи силоҳи ҳастаиро алайҳи Эрон рад кард

Президенти Амрико Доналд Трамп изҳор дошт, ки истифодаи силоҳи ҳастаиро алайҳи Эрон баррасӣ намекунад ва таъкид кард, ки ба андешаи ӯ иқтидори низомии ин кишвар аллакай бо воситаҳои маъмулии ҷангӣ ба таври ҷиддӣ заиф шудааст.

“Шоми панҷшанбе Доналд Трамп Трамп зимни нишасти матбуотӣ дар Кохи Сафед дар бораи буҳрони Ховари Миёна чанд изҳорот дод”,-менависад BBC.

Саволи яке аз рӯзноманигорон дар бораи зарбаи ҳастаиро ӯ «бемаънӣ» номид:

«Чаро ба ман ин лозим аст?» -посух дод ӯ. – «Чаро ман бояд силоҳи ҳастаиро истифода барам, агар мо онҳоро бе истифодаи он бо воситаҳои маъмулии ҷангӣ комилан нобуд кардаем? Ба ҳеҷ кас иҷоза дода намешавад, ки силоҳи ҳастаиро истифода барад».

Чанде пеш аз эълони оташбас дар низоъ бо Эрон, Трамп нисбат ба мақомоти эронӣ таҳдидҳои шадид баён карда буд.

Ӯ аз хатари «нобудии як тамаддуни комил» сухан гуфт, ки бархе таҳлилгарон онро ишора ба эҳтимоли истифодаи силоҳи қатли ом арзёбӣ карданд. Аз ҷумла, Трамп дар бораи омодагӣ барои нобуд сохтани зерсохторҳои калидии кишвар, аз ҷумла нерӯгоҳҳо ва пулҳо, изҳор дошт.

Айни замон маълум нест, ки оё Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Эрон омодаанд ба музокироти сулҳ баргарданд ё не. Мулоқоте, ки барои ҳамин ҳафта дар Покистон ба нақша гирифта шуда буд, баргузор нашуд. Ҷониби Эрон аз иштирок худдорӣ кард ва сабабро идома ёфтани бастани гулӯгоҳи Ҳурмуз аз ҷониби ИМА номид.

Пештар Доналд Трамп изҳор дошта буд, ки то охири ҳафта эҳтимоли пайдо шудани «хабарҳои хуб» дар бораи музокирот вуҷуд дорад, аммо то ҳол ягон ҷузъиёти нав пешниҳод нашудааст.

Рӯзи сешанбе ӯ ҳамчунин хабар дод, ки низоми оташбас бо Эрон ба муҳлати номаълум тамдид шудааст ва таъкид кард, ки аз Теҳрон пешниҳоди мушаххас интизор аст. Эрон инро як ҳила арзёбӣ кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *