Тоҷикистон: Мусофир ронандаи таксиро 6 корд зад

Як сокини 25-солаи ноҳияи Панҷ бо гумони роҳзанӣ дастгир шудааст. Гуфта мешавад, ки ӯ шаби 27 сентябр як таксиронро бо фиреб аз маҳаллаи 46-уми шаҳри Душанбе ба деҳаи Навбунёди ноҳияи Рӯдакӣ бурда, дар онҷо бо мақсади тасарруфи мошини «Опел”-аш 6 корд задааст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки як марди 25-солаи сокини ноҳияи Панҷи вилояти Хатлонро ҳамчун гумонбар дар ҷинояти роҳзанӣ дастгир кардаанд.

Бино ба гузориши маркази матбуоти вазорати дохила, шаби 27-уми сентябр, соати тахминан 23, як нафар дар маҳаллаи 46-уми пойтахт ба мошини «Опел-Астра”-и мутааллиқ ба марди 25-солаи зодаи шаҳри Кӯлоб, ки ба таксиронӣ машғул буд, савор шуда, хоҳиш кардааст, ки ӯро то манзилаш ба деҳаи Навбунёди ноҳияи Рӯдакӣ бирасонад.”

Аммо «ҳангоми ба деҳаи Навбунёд расиданашон шахси мазкур бо мақсади аз худ намудани автомашина бо корди дар дасташ буда, 6-маротиба ба аъзои бадани ронанда зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.”

Дар натиҷаи ин ҳамла ронандаи такси ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар бемористон бистарӣ шудааст.

Дар робита ба ин ҳодисаи раҳзанӣ парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *