Тоҷикистон ва Қиғизистон: мушкилоти сарҳад

Имруз дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон кнференсияи “Матбуоти Қиғизистон ва Тоҷикистон дар як маҷро ба хотири  сулҳ” оғоз гардид. Конференяиро аз ҷониби Тоҷикистон роҳбари Асотсиатсияи расонаҳои мустақил Нуриддин Қаршибоев ва аз ҷониби Қирғизистон муовини вазири фарҳанг ва иттилооти Қирғизистон Айнура Темирбекова оғоз бахшиданд.

Мавзуи асосӣ дар ин коференсия мушкилоти сарҳад ва нақши матбуот дар ҳамзистии мардум дар минтақаҳои сарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистон буд, ки бо ташаббуси  DW Akademie баргузор гашт. Айнура Темирбекова изҳор дошт, ки мардуми қирғиз ва тоҷикро анъанаҳои аҷдодии ҳамзистӣ ба ҳам мепайвандад ва ин дӯстиро ҳеҷ чиз наметавонад халалдор кард. Мавсуф ҳангоми зикри масоили марут ба ҳамкорӣ гуфт, ки дар минтақа Тоҷикистон ягона кишварест, ки телевизионаш ба намоиши рақамӣ гузаштааст.

Зимни баррасии масъалаи зикршуда таъкид гашт, ки вусъати қочоқ, реэкспорт аз Қирғизистон ва масъалаҳои тиҷорати тарафайн ҳалталаб ҳастанд ва ба муносибати сокинони минтаҳои сарҳадӣ наметавонанд бетаъсир бошанд. Албатта баррасӣ ва ҳали онҳо марбут ба мақомоти расмӣ аст.

Марс Сараев, сиёсатшинос аз Қирғизистон зикр намуд, ки  замони раиси вилояти Суғд будани Қоҳир Расулзода вилоят дар ҳалли мушкилоти сарҳадӣ хело фаъол буд. Ҳато дар заминаи рӯзномаҳои вилояти Суғд ва Боткент нашри махсус  чоп ва дастраси хонандагон гардид. Мулоқотҳо, нишастҳо, чопи мавод мусоидат ба он мекунанд, ки шиддати вазъият паст мегардад.

Гурӯҳе аз иштирокчиёни конфиренсия бар он ақида буданд, ки дар кори ҷудо кардани хати саҳад миёни ду кишвар сокинони маҳаллӣ ҷалб ва фикри онҳо ба эътибор гирифта шавад. Як намоянда аз Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд, ки ба сатҳи сокинони маҳал поин фаровардани баррасӣ ва ҳалли ин масъала бар иллати бесалоҳиятии онҳо хатари ҷиддӣ ба миён меоварад. Ин масъалаҳоро бояд сохторҳои босалоҳият дар доираи қонун ва аснодҳои ҳуқуқие, ки аз замони Шуравӣ ба мо боқӣ монааст ҳал гардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *