Нилуфар Лорипур — Эрон

Қарори ишқ

Биё як моҳ ошиқи ҳам шавем,

Ва фақат ба ҳам саломе кунем.

Мисли дирӯз,

Агар мувофиқӣ.

Вақте ҳама ба хонаашон баргаштанд,

Ҳаволии ҳамин парсаҳои ҳаррӯза,

Мунтазирам бимон.

***

Чашмак

Ман,

Маънои ин нигоҳи мараддадро намефаҳмам.

Биёву бори дигар,

Дар лаҳзае, ки намедонам,

Бо бӯсае маро ғофилгир кун.

***

Орзу

Ҳанӯз нарафтаӣ,

Ва ман дилам бароят танг шуда.

Инро ба худат мегӯям,

Механдӣ ва бовар намекунӣ.

Дилам барои хандаат ҳам танг мешавад,

Ҳамон ҷо, канорат, наздики дербоварият.

Дар интизори хотираҳоят намемонам,

Аз буданат, аз қарорҳои гоҳу бегоҳат,

Аз чашмҳои равшанат.

Ва устуворият дар эътироф ба бетафовутӣ,

Хотира месозам.

Хаёл мекунам ту рафтаї,

Сар бар синаат мегузораму буғз мекунам.

Ва ту он қадар воқеият дорї,

Ки метавонам ҳазор сол дилтангат шавам.

***

 Ошиқона  

Исфанд, ки ошиқ шавї,

Солро бо бӯса таҳвил мекунӣ.

Ҳатто агар соли нав,

нимашаб аз роҳ бирасад.

Шояд телефонат,

ошиқонатар аз ҳамеша занг бизанад.

Касе бо як салом,

Қабл аз сафедаи соли баъд,

Девонаат кунад.

Исфанд, ки ошиқ шавӣ,

Тамоми дурӯғҳоро бовар мекунӣ.

Ва дилат ғанҷ мезанад,

Медонам, ки дар рӯзҳои охири сол,

Дастаи калидатро гум мекунӣ.

Гӯшиатро ҷо мегузорӣ,

Ва эҳсос мекунӣ, ки касе,

Бо лаҳни ошиқонаи ман,

Садоят мезанад.

Ту ошиқам будӣ,

Дар исфанде, ки ҳаргиз,

Аз тақвимат пок намешавад.

***

 Эъҷоз

Ҳазор сол ҳам бигзарад,

Нигоҳат,

Ғофилгирам мекунад.

Ту дар ҳар лаҳза,

Ҳазор иттифоқе,

Подоши тамоми сабуриҳоям.

Туе, ки гоҳе фосилаи ин бӯса,

То он дидорат,

Он қадар зиёд аст,

Ки ман боз ҳам дасту поямро гум кунам.

Ва хаёл кунам, ки аввалин бор аст,

Ва ин тамоми зебоии ишқ аст.

Буданат барои ман,

Муъҷиза нест.

Аммо ин ки гоҳе,

Ба мувозот хостанам,

Оғӯш мекушоӣ,

Ва ҳузури ман дар ҳофизаи ошиқонаат,

Ҷон мегирад,

Эъҷози вопасин аст.

Ҳамеша як гом фосила,

Ё ҳолае аз ғуруру ибҳом,

Ё ҳатто деворҳое, ки бардоштанӣ нест,

Коре мекунад,

Ки ту дар ҳар лаҳза,

Ҳазор иттифоқ бошӣ,

Магар мешавад,

Туро дид,

Ва ба мӯъҷиза, имон надошт!?

نیلوفر لاری پور- ایران

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *