Тоҷикзани сархуш кудакро бо мошин пахш кард

Як зани 56-сола дар шаҳри Бӯстон (собиқ Чкаловск) дар ҳолати сархушӣ ба сари фармони мошин нишаста, як кӯдаки чорсоларо пахш кард. 

Дар шаҳри Бӯстон (собиқ Чкалов) ронандазани сархуш бо нақлиёти тамғаи «Тойота Кемрӣ» кӯдаки 4-соларо пахш кард. Бозраси давлатии автомобилии вилояти Суғд аз ин зан хизматчии 56-солаи яке аз қисми ҳарбии Вазорати дифоъ ном мебарад. Зани сархуш ба бозрасӣ гуфт,ки  ӯ оби ҷав (пиво) нӯшида буд. Аз беморхонаи шаҳри Бӯстон дар сӯҳбат бо СМ-1 гуфтанд, ки ба шӯъбаи эҳёи ин беморхона кӯдаки хурдсолро рӯзи 2-сентябр бо бардошти ҷароҳати вазнин бистарӣ  карданд. Баъдан ҷарроҳии гурдаи чапи кӯдак анҷом ёфта ҳоло бино ба гуфти духтур эҳёгарон вазъи саломатии кӯдак рӯ ба беҳбуд аст. Бояд  гуфт, ки соли ҷорӣ ин нахустин садамаи нақлиётӣ бо бардошти ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бо айби ронандазани сархуш дар шимолии Тоҷикистон аст. Соли равон дар вилояти Суғд 3 садамаи нақлиётӣ бо айби ронандазанон ба қайд гирифта шуда дар пайи он 6 кушта ва 5 маҷрӯҳ ба ҷой гузошт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *