Ҳоли зори мусофирон ё таксиҳои 3- сомониро баргардонед

Сокинони Душанбе шикоят мекунанд, ки ҳар субҳ барои расидан аз канори шаҳр то марказ то ду соатро дар роҳ дар интизори нақлиёт сарф мекунанд. Бархе фаъолон барои ҳалли ин мушкил тағйири соати оғози дарс ва аз нав иҷозат додан ба таксиҳои 3-сомониро пешниҳод мекунанд.

Zolfeqar Fatihzadeh бо нашри чанд акс дар саҳифаи «Ахбор барои афкор” дар Фейсбук вазъи нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Душанберо бо чунин суханон хулоса кардааст: «Ранг бину ҳол пурс. Ҳамин ҳоло автобуси рақами 1. Агар Худо нокарда садамае рух диҳад ҳеҷ кас зинда намемонад … Акс гӯёи воқеият аст.”

Файзулло Нуруллоев навиштаас, бо чунин ҳол «кисабурҳоро Худо дод.”

Аммо Muvaheed Muhammadi менависад: «Ин мушкилот танҳо бо як танзимгари рӯшан фикр ҳалли худро меёбад. Мутаассифона касе нест ки чанд рӯзи худро сарф намояд ва ҳисоботи рӯзонаи ин мусофиронро бо соатҳои лозима ҳисобу китоб кунад ва ба андозаи он мусофиркаш ба роҳ монанд!”

Фаъоли тоҷик Холиқназар Ҷумъаев дар як матлаби алоҳида дар саҳифаи худ дар Фейсбук низ бо шикоят бо вазъи мусофиркашонӣ дар пойтахт навиштааст, ки мардум ҳар субҳ барои аз як канори шаҳр то маркази расондани худ то ду соатро дар роҳ ва асосан мунтазири ягон нақлиёти ҳолӣ сарф мекунанд:

Барои ҳалли мушкилоти мусофирон ва нақлиёти мусофиркаши пойтахт чӣ икдоме зарур аст?
Ба назар чунин мерасад, ки бо оғози соли нави таҳсил мушкилоти наклиёти мусофиркаши шахр дучандон зиёд шуд ва азоби мардум хам афзоиш ёфт. Барои он ки соати 9 ба кор ҳозир шавед бояд соати 7 аз ҳона бароед, вагарна маҷбур мешавед, аз хизмати таксистҳо истифода баред. Мардумро зарур меояд ки баъзан соатҳо роҳпоӣ кунанд, то ин ки ба наклиёти мусофиркашӣ роҳ ёбанд. Маршруткаҳо аз истгоҳи охирин аллакай пур мебароянд ва хеч имкони дар роҳ савор кардаи мусофиронро надоранд.
Ба назари ман агар масъулини бахши нақлиёти шаҳрдорӣ фавран дар соҳа чораандешӣ накунанду ба доди мардум нарасанд, вазъ аз ин хам бадтар ҳохад шуд. Бахусус аз минтакаҳои 102, 104, 82, 33, Гипрозем, Политехнекум ба марказ омадан басо душвору имконнопазир гаштааст.
Шояд аз нав таҳсили донишҷӯёнро дар муассисаҳои оли ва касбии кишвар ним соат пеш оранд то каме ҳам бошад, мушкил осонтар шавад? Ман роҳи дигаре намебинам. Шумо ч
ӣ?

Фаъоли дигари тоҷик Нурмуҳаммади Шамс дар саҳифааш дар Фейсбук барои ҳалли мушкили мусофирон дар шаҳри Душанбе 6 пешниҳодро бо шаҳрдори пойтахт ва вазирони нақлиёту маориф дар байн гузоштааст:

ПЕШНИҲОД БА РАИСИ ШАҲР, ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶТ, ВАЗИРИ НАҚЛИЁТ


Барои халли мушкилоти мусофирон ва наклиёти мусофиркашии пойтахт


1. 30-дақиқа тағйири вақт дар оғози дарс беҳтараш 8:30;
2. Иҷозаи таксиҳои 3-сомона;
3. Иҷозаи бо мошин рафтан ба донишгоҳ, чун як донишҷу метавонад 4-донишҷӯи дигарро то донишгоҳ барад;
4. Баъзе аз донишгоҳҳо ва факултаҳоро, ки соҳавӣ ҳастанд аз дохили поятахт баровардан, масалан қисме аз донишкадаи аграрӣ, политехникӣ;
5. Дар назди донишгоҳҳо сохтани хобгоҳ;
6. Донишгоҳҳо автобусҳои худро ташкил кунанд бо ҷадвали муаян ва (проездной);

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *