Тоҷикзанро полиси рус таҷовуз кард

Ба зидди як афсари пулиси шаҳри Маскав бо иттизоми маҷбур кардан ба амали шаҳвонӣ ва берун рафтан аз ҳадди ваколати мансабӣ парванда кушодаанд. Ин афсар як зани 25-сола аз Тоҷикистонро бо таҳдиди ихроҷ аз Русия ба алоқаи ҷинсӣ маҷбур кардааст.

Нашрияи «МК”-и чопи Маскав рӯзи 10 май дар бораи як моҷарои шаҳвонӣ дар шӯъбаи пулиси ноҳияи Бесдукниково дар ҳавзаи шимолии пойтахти Русия хабар дод.

Манобеи «МК” гуфтаанд, ба зидди як афсари 48-солаи пулиси Бескудниково бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноятии Русия – моддаи 133 (маҷбур кардан ба амалҳои шаҳвонӣ) ва 286 (берун рафтан аз ҳадди ваколати мансабӣ) парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.

Манобеи «МК” гуфтаанд, ки шаби 6 май, соати 23 як зани 25-сола аз Тоҷикистон, ки дар биное дар шоҳроҳи Дмитровское зиндагӣ мекард, ба пулис занг зада, шикоят кардааст, ки як мард дарашро бо лагат зада истодааст. Ин мард шиноси ин зан буд, вале байнашон чӣ муноқишае бархоста будааст, ки он шаб дарашро ба рӯи вай накушодааст.

Ду афсари пулис, ки бар асоси ин занг ба хонаи ин шаҳрванди Тоҷикистон омаданд, ӯро барои баёнот додан дар бораи ин моҷаро бо худ ба шӯъбаи пулис, ба кӯчаи Селигерская бурдаанд.

Ин ҷавонзан гуфтааст, ки 6 сол боз дар Маскав зиндагӣ ва дар як ширкат ба ҳайси менеҷер кор мекунад ва тамоми аснодаш дурустанд. Вале як афсари 48-солаи пулис, ки он шаб навбатдор буд, тафтиши шикояти ин ҷавонзанро як сӯ гузошта, ба худи вай таҳдид кардааст, ки ӯро барои вайрон кардани қонунҳои муҳоҷират ба ҷавобгарии маъмурӣ мекашонанд ва аз Русия ихроҷ мекунанд.

Ин зан мегӯяд, ки афсари пулис бо чунин таҳдид ӯро ба алоқаи ҷинсӣ маҷбур карда, дар як ҳуҷра (подсобное омещение) дар ҳамоншӯъбаи пулис ба номусаш таҷовуз кардааст.

Рӯзи дигар ин шаҳрванди Тоҷикистон аз бадрафтории ин афсари пулис расман шикоят навиштааст ва ба дунбол ба зидди ин афсар парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.

Дар раёсати корҳои дохилии шаҳри Маскав ба нашрияи «МК” гуфтаанд, ки ин корманди пулисро барои рафтори номуносиб аз кор меронанд ва ӯ дар чорчӯби қонун ба ҷавобгарӣ кашонда хоҳад шуд. Ҳамчунин раҳбарони пулиси Маскав қасд доранд масъулони пулиси ноҳияи Бескудниковоро низ дар робита ба ин моҷаро ба ҷавобгарии интизомӣ бикашонанд.

Ин афсар дар ҳоли ҳозир ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист дар озодӣ қарор дорад, вале аз кор дар пулис то анҷоми тафтишот барканор карда шудааст. Агар иттиҳомоти эълоншуда дар додгоҳ собит шаванд, ба ин афсар барои маҷбур кардан ба амалҳои шаҳвонӣ то як соли зиндон ва барои сӯиистифода аз мақоми хидматӣ то 7 соли зиндон таҳдид мекунад.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, чунин мавридҳои бадрафтории ҷинсӣ дар шӯъбаҳои пулиси Русия зиёд аст, вале дар бисёр мавридҳо занони ҷабрдида аз тарси бадном шудан ҷое барои шикоят лаб намекушоянд ва аъмоли чунин афсарони ҳаромкор пӯшида боқӣ мемонад.

Ин зани 25-сола аз Тоҷикистон, ки номаш ба далоили ахлоқӣ нашр нашудааст, нахустин зан аз Тоҷикистон аст, ки аз таҷовуз шуданаш дар шӯъбаи пулиси Русия расман шикоят кардааст.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *