Толеъномаи 19 апрел 2019

Ҳамал(21 апрел-22 май)

Ситораҳо ба ҳамалҳо тавсия медиҳанд, ки дар хонаву ҷойи кор ба тартибот риоя намоянд. Айёми мусоидест, барои тағйир додани реҷаи корӣ ва тарзи зиндагӣ. Агар шумо қаблан баъзе одатҳои мусбиро бо душворӣ аз худ мекардед, имрӯз ин кор ба осонӣ ба шумо даст медиҳад. Нияти аз сигор даст кашиданро дошта бошед, аз ин рӯз корро сар кунед. Бо дӯстдоштаатон муноқиша накунед. Агар оиладор бошед, нуқтаи назари ҳамсафари ҳаётиатонро сарфи назар накунед.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Дар ин рӯз қобилияти кории саврҳо зиёд ва имкониятҳояшон бештар мегардад. Аёми хубест барои амалӣ сохтани тамоми нияту нақшаҳо. Вақти холигии худро беҳтараш бо шахси дӯстдошта гузаронед. Агар оиладору фарзанд дошта бошед, бештар ба тарбияи фарзандон диққат диҳеду нисбати онҳо ботаҳаммул бошед. Нимаи аввали рӯз бо сари баланд аз вазъияти пурмоҷаро берун омада, корҳои ногаҳон пайдошударо моҳирона ва дар муддати кӯтоҳ ба анҷом мерасонед.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Дар ин рӯз ҷавзоҳо хеле серташвиш мешаванд. Бо тоза кардани хонаву дар, таъмир, тағйир додани ҷойи мебел ва беҳтар сохтани вазъи зиндагӣ машғул шудан аз манфиат холӣ нест. То охири рӯз хабареро мешунавед, ки қаблан аз шумо пинҳон нигоҳ медоштанд. Қабл аз суханеро ба забон овардан чанд бор андеша кунед, то ки гапи гуфтаатон ба сари худатон бало наорад. Коре накунед, ки сабабгори рашк кардани шахси дӯстдоштаатон гардад. Беморие, ки чанд рӯз азобатон медиҳад, танҳо бо кӯмаки табибони касбӣ рафъ мегардад.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Рӯзи нав вохӯриву шиносоиҳо зиёду сафарҳо дарозмуддат мешаванд. Шумо аз вазъиятҳои мушкилтарину пурпечутоб баромада тавониста, бо ин хислататон ба боварии дӯстон медароед. Баъзеҳо дар корҳояшон аз шумо маслиҳату дастгирӣ мепурсанд. Аз уҳдаи кори миёнаравӣ ва рафъи муноқишаҳо баромада тавонистанатон обрӯву нуфузатонро баланд мебардорад. Ба кори иловагӣ розӣ нашавед. Барои саратонҳои муҷаррад дари бахт кушода мешавад.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Дар ин танҳо тавассути кордониву таҷрибаи бой шумо мушкили худро ҳал карда метавонед. Инчунин барои рафъи мушкилиҳои пулӣ айёми хуб аст. Аз ҳамин хотир тамоми харидҳои имрӯзаатон бобарор анҷом меёбанд. Агар соҳиби мошин бошед, имкони ба таъмир афтидани он ё ҳодисаи ногувор дар сафар вуҷуд дорад. Асадҳое, ки ғуруру такаббур доранд, на танҳо хисороти пулӣ мебинанд, балки муносибаташон бо наздикон бад мегардад. Охири рӯз хабари аҷиб мешунавед.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Рӯз барои мулоқоти ошиқона хеле созгор аст. Барои нафароне, ки дӯсташон медоред, лаҳзаи гуворои хотирмон ташкил намоед. Нимаи аввали рӯз қувваи худро сарфа карданатон лозим аст. Сараввал аз пайи корҳои муҳимтар шавед. Сафар ба роҳи дур доираи ҷаҳонбонии шуморо васеъ мегардонад. Аз хариди калон худдорӣ намуда, дар сарф намудани пул саросема нашавед.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Имрӯз аз ҷиҳати молиявӣ ташвиш намекашед, маблағи хуб ба даст оварда чандин мушкилатонро ҳал мекунед. Харид дар бозору мағозаҳо бобарор мешавад. Барои сар кардани кори нав чандон вақти хуб нест. Корҳои муҳимро ба ҳеҷ ваҷҳ ба одамони бегона бовар накунед. Ҳар гапе дар дил доред, ба ҳама нақл накунед, ҳамаро мисли худ дилсоф напиндоред. Ба маҳбубатон туҳфа хариданро фаромӯш накунед. Шом ба меҳмонӣ равед ва аз ҷанҷолҳои оилавӣ дурӣ ҷуста, асабҳоятонро эҳтиёт кунед.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)


Ташаббусро ба даст гирифта, нақшаю фикрҳои навро дар самти иқтисодию молиявӣ нотарсона ба роҳбарият нишон диҳед. Шуморо дастгирӣ мекунанд ва дар идора соҳиби ному пешсаф мегардед. Корҳои зиёдеро берун аз меъёр иҷро карданатон лозим мешавад, парво накунед, кўшишҳоятон ҳатман қадр карда мешаванд. Ҳар нафаре, ки аз шумо кӯмак мепурсад, холисона мадад расонед, подоши некиҳоятонро ҳатман мебинед. Яке аз дӯстони наватон ба бахти шумо ҳасад бурда, овозаҳоеро паҳн мекунад, ки боиси коста гардидани обрӯятон мегардад.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Дар ин рӯз уҳдадориҳои худро дар идора софдилона иҷро намоед, то номатон ба «дафтари сиёҳ» наафтад. Барои ҷиҳози хона ва ё ниёзҳои фарзандон маблағи зиёдеро сарф кардан лозим меояд. Шарики шумо дар ҷодаи муҳаббат бештар ба ёрию дастгирӣ муҳтоҷ аст. Аз ҷангу ҷанҷол худдорӣ кунед, дар акси ҳол ба бахти оилавиятон хатари ҷиддӣ таҳдид мекунад. Шом мбо дӯстдоштаатон ба сайругашт баромаданро маслиҳат намедиҳем, эҳтимоли рух додани муноқиша имкон дорад.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Имрӯз вохӯриҳои ҷиддӣ ва гуфтушунидҳоро ба нақша нагиред, зеро вазъият ба фоидаи шумо нест. Дар вақти кор бо ҳуҷҷатҳои муҳим бодиққат бошед. Бо шарикони кориатон дағалӣ накунед, як сухани ноҷо метавонад ба тиҷорататон таъсири бад расонад ва ҳатто боиси аз шумо рўй гардонидани нафароне гардад, ки нонатонро бо воситаи онҳо меёбед. Саломатиатонро бояд эҳтиёт намоед. Рӯз дар ҷодаи муҳаббат бароятон хушбахтӣ меорад. Шуморо шиносоии аҷиб ё вохўриҳои ошиқона интизор аст.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Давлҳо дар имрӯз мисли равоншинос сабабҳои рафтори баъзе дӯстонашонро, ки то ин дам ҳеҷ дарк карда наметавонистанд, барои худ фош месозанд. Аз ҳамаи он чизе, ки сади роҳи пешравиятон мегардад, халос шавед. Имкони ба даст овардани пули калон мавҷуд аст, ба шарте, ки танбалӣ накарда, сидқан меҳнат намоед. Ҳамёнатон нимаи дуюми рӯз пур ва кордатон болои равған мешавад. Дар бораи қаҳрамониҳоятон дар ҷодаи ишқу ошиқӣ дар назди шиносу ношинос лоф назанед.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Розӣ набудан бо нақшаҳои атрофиён шуморо ба харҷ кардани маблағи зиёд маҷбур мекунад. Аз ҷониби як дўстатон ба шумо кумаки молӣ мерасад. Метавонед бо ин маблағ тиҷорати худро сар кунед. Ситораҳо маслиҳат медиҳанд, ки ба одамони ношинос бовар накунед ва дар ҳама кор боақлонаю эҳтиёткорона рафтор намоед.Бо пули калон дар кўчаю бозор гаштанро ба ҳутҳо маслиҳат намедиҳем. Дӯстдоштаатон дар вазъияти душвор шуморо дастгирӣ мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *