Ситораи Кароматулло: Пас аз 4 моҳ модар мешавам (Видео)

Ман ба Амрико сафар карда, дар 27 штати калонтарини ин давлати абарқудрат консерт барпо намудам. Санъати тоҷикро дар Амрико хеле хуш пазируфтанд, чунки дар он ҷо форсизабонҳо хеле зиёданд.

-Аз Наврӯз то Наврӯзи ситораи нави санъати тоҷик Ситораи Кароматулло чӣ бурду чӣ бохтҳо дошт? То ҷое медонем ба наздики аз сафар Амрико баргаштед?

-Ростӣ, намедонам кадомашро нақл кунам. Ман ба Амрико сафар карда, дар 27 штати калонтарини ин давлати абарқудрат консерт барпо намудам. Санъати тоҷикро дар Амрико хеле хуш пазируфтанд, чунки дар он ҷо форсизабонҳо хеле зиёданд.

-Дар ҳаёти шахсиатон ҳам ягон навигарӣ ба вуҷуд омад?

-Бале, соҳиби манзили шахсӣ гаштам. Аз маркази шаҳр хона харидам, ки бисёр кушоду барҳаво аст. Ба ҷуз ин, соҳиби мошини Мерседес С класс гаштам.

-Ҳангомаҳо атрофи модар шуданатон хеле зиёданд ва мебинам, ки овозаҳо бе асос нестанд. Ситорача кай ба дунё меояд?

-Ман айни замон дар моҳи 5-уми ҳомиладорӣ қарор дорам. Худо хоҳад, пас аз чаҳор моҳ модар мешавам.

-Мегӯянд, ки занҳои машҳур якдигарро чашми дидан надоранд. Ба шумо душманӣ намекунанд?

-Дигаронро намедонам, аммо муносибати худи ман бо тамоми ҳунармандон олиҷаноб аст. Дар маҳфилу маъракаҳо бо Шабнаму Фарзона ва Зулайхову Фирӯза гарм аҳволпурсӣ карда, ҳурмату эҳтироми якдигарро ба ҷо меорем. Шукри Худо то имрӯз ягон бор ҳамдигарро ғайбат накардаему даст ба гиребон нашудаем.

-Қариб ҳамаи сарояндаҳои машҳури тоҷик дар Русия барои муҳоҷирон консерт доданд. Ситора чаро то имрӯз хомӯш аст?

-Насиб бошад, як моҳ пас ман дар шаҳри Маскав консерт медиҳам. Аз фурсат истифода бурда, кулли муҳоҷиронро тарики сомонаи Точикистонтаймс ба барномаи консертии худ даъват менамоям. Биёед ва лаҳзае ҳам бошад, дар ҳавои таронаҳои ширини тоҷикӣ худро дар Ватан эҳсос намоед.

Мусоҳиб Рустам Азизӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

3 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *