Толеъномаи 20 декабр 2017
Ҳамал ( 21 март-20 апрел)
Дар ин рӯз аз робита бо сардор дурӣ ҷӯед. Агар роҳбарият шуморо ба суҳбати рӯ ба рӯ даъват кунад, ягон баҳона пайдо намуда, суҳбатро ба таъхир гузоред. Аз ҳад зиёд саросема нашавед, вагарна кореро ба сомон расонида наметавонед. Нобарориҳои молиявиро оромона қабул кунед, ин муваққатӣ ва ҳалшаванда аст.
Савр ( 21 апрел – 22 май)
Дар ин рӯз тамоми фикру зикри худро барои ба даст овардани маблағ равона месозед. Бо андешаи пулкоркунӣ ва сарватманд шудан рӯз ноаён мегузард. Мутаасифона имкони ба мақсад расиданро пайдо кардан душвор мегардад. Нафарони пиронсол аз баланд шудани фишори хун азият мекашанд.
Ҷавзо ( 23 май-21 июн)
Дар ин рӯз дар корҳоятон тартиботу низомро ҷорӣ намоед. Ба касе пул қарз надиҳед. Ба коре, ки боиси сарф шудани маблағи шумо мегардад, даст назанед. Дар харидорӣ намудани чизҳои дилхоҳ ва хӯрок андозаро нигоҳ доред. Бо сабабҳои ночиз асабонӣ нашуда, саломатиро эҳтиёт кунед.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Ба ҳодисаҳое, ки дар ҳаётатон рух медиҳад, бо табъи хуш назар намоед. Яку якбора кӯшиши ҳама корро ба анҷом расониданро накунед, вагарна ҳам обрӯ ва ҳам саломатиро аз даст медиҳед. Агар рафтори дӯстдоштаатон боиси рашки шумо мегашта бошад, зудтар шубҳаву гумонатонро дар рӯяш гуфта, вазъиятро рафъ намоед.
Асад ( 23 июл – 23 август)
Тамоми ҳодисаҳои рӯз боиси норозигӣ ва дилмондагии шумо мегардад. Муҳим он аст, ки дар сари қаҳр шахси бароятон азизро наранҷонед. Агар маблағи кофӣ дошта бошед, барои муваффақ шудан дар соҳаи тиҷорат бо дили пур амал намуда дудилагӣ накунед.
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Агар нафареро бо манфиатҳои шахсӣ дӯст медошта бошед, рӯзҳои наздик худатон низ ба доми чунин нафар меафтед. Муҳаббат бояд самимӣ бошад ва бо атрофиён ошкоро бошед. Барои аз ҳолатҳои садамавӣ эмин мондан ба сафар набароед. Барои ба бозор рафтан рӯзи бобарор аст.
Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Дар ин рӯз ба ҷустуҷӯи шахси идеалӣ набароед, вагарна касеро дар атроф пай намебаред. Такаббуру ҳавобаландиятонро ҳамкорон ҳамчун хоҳиши аз ҳамкорӣ гурехтани шумо қабул мекунанд. Аз маъракаҳои серодам дурӣ ҷӯед. Аз муносибатҳои ошиқона худдорӣ намуда, ба ҳарфҳои холӣ бовар накунед.
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Яке аз рӯзҳои зебои зимистонӣ аст,ки ба назар баҳорро мемонад. Бар замми зебогиҳои табиат хушнудии худро низ эҳсос мекунед. Дар корҳои шахсӣ ва сарфи пул ба садои қалби худ гӯш андохта, бурд мекунед. Муҳимаш ба рафторе, ки боиси пушаймониятон мегардад, даст назанед. Дар ин рӯз харидани либос ва ҷавоҳирот тавсия дода намешавад.
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Дар ин рӯз ҳодисаҳое рух медиҳанд, ки чандон табъи дили шумо набуда, боиси ба ғазаб омаданатон мегардад. Агар мошин меронда бошед, хатари қоидаро вайрон карданатон вуҷуд дорад. Мушкилиҳои пулиро бояд фавран ба анҷом расонед. Баъди нисфирӯзӣ бо нафаре вомехӯред, ки табъатонро хира месозад.
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Дар ин рӯз ба саломатии худ бодиққат бошед. Эҳтимоли яку якбора баланд шудани фишори хун, дарди сар ва камқувватӣ вуҷуд дорад. Бо худтабобаткунӣ машғул нашавед, ба беморхона равед. Ғами мушкилиҳои рӯзгоррро зиёд нахӯред, инчунин муносибатро бо наздикон хуб гардонед.
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Дар ин рӯз мушкиливу нохушиҳои зиёде ба саратон фурӯ мерезад. Эҳтимол аст, ки шумо воҳима карда, аз пашша фил месозед. Дастгирии шахси бароятон наздик лозим мегардад, то ки ба ҳолати яъсу ноумедӣ гирифтор нагардед. Бо сабаби худро нотоб ҳис карданатон асабиву нозук мегардед.
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Рӯзи хубест барои вохӯриҳои ошиқона ва бастани ақди никоҳ. Вале ин маънои онро надорад, ки аз муваффақият сари калобаи худро гум кунед, хусусан агар гап сари маблағи пулӣ мерафта бошад. Имкони пули зиёд сарф кардану ба ғалатҳои зиёде роҳ доданатон зиёд аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ