Ҷамъияти донишҷӯёни тоҷик дар Чин

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Давлатзода зимни боздид аз Донишгоҳи тиҷорат ва молияи хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин (UIBE), бо Ректори Донишгоҳ Ванг Ҷиачионг мулоқот анҷом дод ва дар чорабинии расмӣ бахшида ба муносибати таъсиси Ҷамъияти донишҷӯёни Тоҷикистон дар назди ин Донишгоҳ иштирок ва суханронӣ намуд.

Сафир П. Давлатзода ҳангоми суханронӣ ҳозиринро бо таъсиси аввалин ҷамъияти расмии донишҷӯёни Тоҷикистон дар яке аз донишгоҳҳои бонуфузи Чин муборакбод намуд. Сафир аҳамияти таъсиси Ҷамъиятро дар соли 2017, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли ҷавонон эълон шудааст, махсусан муҳим арзёбӣ карда, аз он изҳори  умедворӣ кард, ки Ҷамъияти мазкур барои сарҷамъ ва муттаҳид намудани донишҷӯёни Тоҷикистон дар Чин ва дар сатҳи шоиста муаррифӣ намудани фарҳанг ва симои Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.

Донишгоҳи тиҷорат ва молияи хориҷии Ҷумҳурии мардумии Чин (UIBE) имрӯз ҳамчун яке аз беҳтарин донишгоҳҳои риштаи тиҷорати хориҷӣ ва иқтисод дар Чин обрӯву нуфузи зиёд дорад. Дар шароити ҳозира дар Донишгоҳ 16000 донишҷӯи шакли омӯзиши рӯзона, аз ҷумла, беш аз 3200 донишҷӯи хориҷӣ аз 130 кишвари дунё таҳсил мекунанд. Дар Донишгоҳ 21 ҷамъияти донишҷӯёни кишварҳои мухталиф фаъолият мекунанд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *