Савр ( 21 апрел – 22 май)
Ҷавзо ( 23 май-21 июн)
Саратон (22 июн- 22 июл)
Асад ( 23 июл – 23 август)
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Рӯзи душвор аст. Ба ғалат роҳ додану ба камбудиҳои худ чашм пушиданатон боиси аз даст додани маблағи пулӣ мегардад. Ба баҳсу мунозирае, ки ба шумо комилан дахл надорад, қӯш нашавед. Аз ҷанҷолу муноқиша дурӣ ҷуста, на танҳо обрӯ, балки табъи хуши худро нигоҳ медоред. Баъди нисфирӯзӣ саломатиятон нохуб мегардад.
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Тамоми қарзҳои худро баргардонед. Агар дӯстону наздикон ба кӯмакатон омада маслиҳати хуб диҳанд, рад накунед. Сирру асрори дӯстонатонро фош насозед, вагарна аз боварии эшон мебароед. Бегоҳирӯзӣ сабаби моҷарои байни шумову ҳамсаратон рашк мегардад. Саломатии худро дар ҷойи аввал гузоред.
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Рӯзи бебарор аст. Уҳдадориҳои худро ба дӯши дигарон бор накунеду аз тақдири бадатон шиква накунед. Мушкилиҳои баногаҳ пайдошудаи ошиқонаро рафъ карда наметавонед, вале маблағи хуби пулӣ ба даст меоред. Беҳтараш дар ин бора ба касе чизе нагӯед, вагарна сафи душманонатон зиёд мегардад.
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Рӯзи бебарор аст, хусусан барои мардон. Аз саҳарӣ нофаҳмиву низоъ пеш меояд. Хабарҳои нохуши вобаста бо наздикон ё нобарорӣ дар касбу коратон имкон дорад. Имкони сарф кардани пул вуҷуд дорад. Дар ин рӯз аз нӯшокиҳои спиртӣ ва мулоқоти ошиқона худдорӣ намуда, ба роҳи фиреб нараведу ба маслиҳати касе гӯш надиҳед.
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Хатари хурӯҷ намудани бемориҳои музмин вуҷуд дорад, аз ин рӯ худро аз ҳад зиёд хаста накунеду ба корҳои хатарнок роҳ надиҳед. Аз ҳад зиёд ба эҳсосот дода нашавед, вагарна ба муноқишаву ноумедӣ гирифтор мешавед. Вақти аз роҳ гузаштан боэҳтиёт бошед, ҳангоми кор бо ашёҳои нӯштез ва асбобҳои барқӣ аз ҷароҳат бардоштан ҳушёр шавед.
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Дар ин рӯз ба пул сахт эҳтиёҷ пайдо мекунед. Бегонаҳоро аз нияту нақшаҳои худ огоҳ насозед, сергапӣ накунед, вагарна ба худатон зарар мерасонед. Ба саломатии худ бодиққат бошед. Агар нишонаҳои шамолкашӣ ва гриппро ҳис кунед, истеъмоли витаминро сар кунеду аз шамол хӯрдан эҳтиёт шавед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ