Даниел Рустам Русияро ба ҳайрат овард (Видео)

Ду ҳунарманди ҷавони тоҷик дар поёни ин ҳафта бо ҳунарнамоии худ дар озмунҳои телевизионии Русия ҳамаро ба ҳайрат оварданд. Меҳрона Ғайбуллоева бо овози қавии худ ҳакамони озмуни «Ты – супер!”-ро дар шабакаи НТВ тасхир кард ва Даниел Рустам бо таронаи «All of me” – озмуни «Песни” дар шабакаи ТНТ инқилоб нишон дод.

«Невероятная мощь! Красавица Мехрона из Таджикистана впечатлила судей своим супервокалом” («Қудрати боварнокарданӣ! Меҳронаи зебосанам аз Тоҷикистон ҳакамонро бо овози фавқулоддааш тасхир кард”) — чунин ном кардааст шабакаи телевизионии НТВ гузориши худ дар бораи ҳунарнамоии овозхони ҷавони тоҷик Меҳрона Ғайбуллоеваро дар озмуни «Ты – супер!”

«Ты – супер!” ҳанӯз дар аввали моҳи феврал оғоз ёфт, вале навбати Меҳрона Ғайбуллоева фақат шоми 24 феврал расид. Вале чӣ ҳунарнамоие!

Меҳрона Ғайбуллоева дар саҳнаи НТВ таронаи иҷрояш хеле мураккаби «Драмы больше нет”-и Полина Гагаринаро иҷро кард. Вале бо чунон овози қавӣ, ки ҳама ҳакамон барояш каф кӯфтанд. Раиси ҳайъати ҳакамон Виктор Дробиш гуфт, аз аввалин ҳунарнамоии Меҳрона бармеояд, ки ӯ бе ягон чуну чаро ба даврҳои баъдии озмун роҳ меёбад. Игор Крутой ва Юлианна Караулова низ эътироф карданд, ки аз садои қавии ин духтари ҳамагӣ 17-сола ба ваҷд омадаанд.

Баъди онки ҳакамон ӯро ба даври баъдӣ роҳ доданд, Меҳрона домани гиряро сар дод, вале гуфт, ин ҳама ашки шодӣ аст, ки беихтиёр ҷорӣ шуданд.

Меҳрона Ғайбуллоева 17 сол дошта, тавассути хабаргузории «Спутник” ба озмуни «Ты – супер!” пешниҳод шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *