Мадина Басаеваро лату кӯб карданд? (Видео)

Мадина Басаева, як духтари ҷавони тоҷик, ки бо видеоҳояш дар Ютуб ном баровардааст, бо нашри як видеои нав хабар дод, ки ӯро латукӯб кардаанд. Чанде пеш Мадина Басаева дар пайи нашри як видеое, ки дар он дар як дасташ китоби «Қуръон” ва дар дасти дигараш китоби «Инҷил” дошт, мавриди ҳамлаҳои лафзӣ ва таҳдид қарор гирифта буд.

Мадина Басаева, як духтари ҷавони тоҷик, ҳоло дар шаҳри Махачқалъа, пойтахти ҷумҳурии Доғистони Русия зиндагӣ мекунад ва бо видеоҳои густохонааш дар Интернет машҳур шудааст, рӯзи 23 феврал бо нашри як видеоии якдақиқагӣ бо номи «Мадина Басаева что с ней МАДИНУ ИЗБИЛИ” хабар дод, ки ӯро латукӯб кардаанд.

Мадина дар бораи ин ки мавриди ҳамлаи кӣ қарор гирифтааст, дар ин видео чизе намегӯяд, вале захмҳои сару рӯяшро нишон дода, дар як лаҳзаи видео гиря мекунад.

Мадина Басаева мегӯяд: «Ҳоли ман хуб аст, бачаҳо. Вале рӯям начандон хуб аст. Ва дар зери чашмам ҳам як осори зарди захм пайдо шудааст. Ман ин ҳама корро на ба хотири худнишондиҳӣ мекардам. Ман зиндагии худро намоиш медодам. Ман метавонистам ин корро накунам, вале шумо худатон маро мекофтеду мехостед, ки ман аксу видеоҳоямро гузорам…

Мадина Басаева дар видеоҳояш дар Интернет маъмулан дар зери таронаи дигарон лаб меҷунбонад ва бо ҳаракатҳояш ба он таронаҳо клип месозад. Як чунин клипи ӯро дар ҳавои таронаҳои маъруфе, чун «Солнце мое душу греет” аз Аида Алиева ва «Фарёди бесадо” аз Фараҳманд Каримов аз моҳи июн ба ин тараф танҳо дар канали «Асалча медиа”-и Ютуб алакай 7 миллиону 200 ҳазор нафар тамошо кардаанд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

7 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *