Толеъномаи 7 июл 2017

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Дар касбу кор ҳушёр буданатон лозим аст, вагарна рақибон пешсаф гашта, тиҷорати шахсӣ заиф мегардад. Нафароне, ки ҳаёти худро тағйир додан мехоҳанд, бояд аз орзу ба амал гузаранд. Эҳтимоли шамол хӯрданатон вуҷуд дорад, боэҳтиёт бошед. Танҳо ба наздикони худ дарди дил кунед.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Дар ин рӯз барои беҳтар сохтани вазъи молиявӣ тамоми кӯшишу маҳорати худро ба кор баред. Вале ба ҳеҷ ваҷҳ қарзи калон нагиред, хусусан агар аз баргардонидани пул боварӣ надошта бошед. Аз ҷониби нафаре ки ба шумо ҳасад мебарад, хурдагирӣ эҳсос мекунед. Агар андаке меҳрубону дилёб бошед, диққати шахси дӯстдоштаатонро ҷалб карда метавонед.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Муносибатҳои оилавиятон хеле хуб мегарданд. Ҳамсаратон шуморо дар лаҳзаҳои душвор дастгирӣ мекунад. Хуб мебуд, ки сару либоси худро нав созед. Ба корҳое, ки оқибати бадро ба бор меоранд, машғул нашавед. Ба касе чизеро ваъда надиҳед ё иҷро намудани кореро талаб накунед. Баъди нисфирӯзӣ бо дӯстон дағалӣ накунед.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Рӯзи хуб аст, вале барои муваффақ шудан фаъол буданатон лозим меояд. Аз хӯроке, ки ба саломатиятон зарар мерасонад, худдорӣ намоед. Баъди ҳар нобарорӣ барор меояд, аз ин рӯ руҳафтода нагардед. Муносибататон бо аҳли оила душвор мегардад. Ба эҳсосот дода нашавед. Барои истироҳат вақт ёбед.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Нимаи аввали ҳафта ҳангоми шиносоиҳои нав боэҳтиёт бошед. Ақли расо ва диққатҷалбкуниятон боиси ҷалби нафарони бадкирдор мегардад. Бо сабаби номусоид будани вазъи молиявӣ аз амалҳои хатарнок даст кашед. Бо нафароне ҳамкорӣ кунед, ки хуб мешиносед, он гоҳ бохт намекунед.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Бо сабаби зуд-зуд муноқиша оростан бо наздикони худ, муносибатҳоятон сард мегардад. Вохӯрии ногаҳонӣ бо собиқ дӯстдоштаатон табъатонро хира мегардонад. Дар ин рӯз ба ягон баҳсу мунозира роҳ надиҳед, вагарна худатонро гунаҳкор мешуморед. Диққати худро ба корҳои дуюмдараҷа равона насозед.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Дар ин рӯз бо ҳамкорон ва роҳбарияти коргоҳ забон ёфтанатон осон мегардад.  Шумо шахси баҳунар ҳастед, вале маҳорати худро нишон намедиҳед. Аз ҷониби нафаре, ки шуморо дӯст медорад, кӯмаки молиявӣ мегиред. Мизонҳои муҷаррад ба наздикӣ бахти худро пайдо месозанд.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Нафароне, ки бо тиҷорат машғуланд, бо шарикони нави корӣ даромади хуб ба даст меоранд. Дар рафтору гуфтор бодиққат бошед. Дар амалиётҳои шубҳанок ширкат наварзед. Аз қаҳру ғазаб худдорӣ намоед, вагарна нафареро сахт меранҷонед. Дар ҳама кор андозаро нигоҳ доред.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Дар ин рӯз нафарони муваффақтарини дунё ба шумо ҳасад мебаранд. Корҳоятон чунон барор меёбанд, ки пул худаш ба кисаи шумо меояд. Ба нафароне, ки ба наздикӣ шинос шудаед, бовар накунед. Қавсҳое, ки ба наздикӣ аз ёри худ ҷудо шудаанд, бахти худро пайдо мекунанд.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Имрӯз ба саломатӣ бодиққат бошед, дар роҳ ва золҳои варзишӣ боэҳтиёт  шавед. Агар имкон дошта бошед, дар гӯшаи табиат истироҳат намоед. Дар ҷодаи муҳаббат фиреб хӯрданатон имконпазир аст, аз ин рӯ ба садои қалби худ гӯш андозед. Вазъи молиявиатон рӯ ба беҳбудӣ меорад ё пешниҳоди хуби корӣ мегиред.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Дар ин рӯз ба хулосае меоед, ки аз шахси дӯстдоштаи худ беҳуда ҷудо шудаед. Дар масъалаҳои молиявӣ ба саросемагӣ роҳ надиҳед. Нафароне, ки бо шумо ҳамкорӣ кардан мехоҳанд, чандон дилу нияти соф надоранд. Вазъи саломатиятон дар ин рӯз хеле хуб аст. Аксари далвҳо бахти худро пайдо месозанд.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Дар ин рӯз бо нафаре шинос мешавед, ки дар ҳаёти шумо нақши муҳим мебозад. Аз кори хурдтарин низ рӯ нагардонед, он даромаднок ва самарабахш мегардад. Ба нафароне, ки аз саломатӣ шикоят доранд, маҳси бадан ва оббозиро тавсия медиҳем.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *