Парвини Пажвок-Канада-Афғонистон

Зани афғон

Гуле, ки санг шуд,

Манам.

Нозуктар аз гул будам,

Ва метарсидам,

Сахттар аз санг гардам.

***

Сарчашма

Шеърҳои ман дар ин ҷо барои ту,

Тамом нашуд,

Балки ҳавсалаи ин дебоча буд.

Ки саромад,

Ва варақе боқӣ нагзошт,

То бар он бинвисам.

Магар дарёи шеърро ҳам поёне ҳаст,

Агар онро сарчашмаи ҷўшоне,

Чун ту,

Бошад?

***

Зимистон

Ҳар субҳ, ки аз хоб бармехезам,

Бар шишаи яхгирифта,

Бо сарангуштони гармам,

Номи туро менависам.

Ва аз лобалои он ба берун менигарам,

Ки кай баҳр меояд?

***

Магри хуршед

Он гоҳ,

Ва ситораҳо бар замин фурў рехтанд,

Ҳафраҳои амиқро ба вуҷуд оварданд.

Ҳафраҳои амиқе, ки садои дардноки тиҳӣ будан,

Аз онҳо бармехост.

Ва ҳол,

Ин ҷо торикӣ аст.

Ин ҷо баргҳои орзу бар бод рафтаанд,

Ин ҷо чист истеъдодҳо, ки ношод рафтаанд.

Ин ҷо парандаҳоро сар буридаанду хўрдаанд.

Ин ҷо китобҳоро барои гармии утоқ,

Сўзонидаанд.

Ин ҷо ниҳолҳоро барои кўбидани атфол,

Аз бех даровардаанд.

Ин ҷо мафкураҳо аз тарси ҷон,

Аз чаҳор девори фикр ба берун наҷастаанд.

Эй ононе, ки аз дарахти орзу барге ҳам начидаед,

Оё ҳаргиз шумо,

Аз ин болои дарёи зулмат,

Пуле ба сўйи нури нахоҳед сохт?

Эй зиндониҳои ҷаҳони нафас,

Оё ҳаргиз ба сўйи нур нахоҳед шитофт?

***

Бесавод

Забони паррандаҳоро медонам,

Гулҳо дар сукути хеш маро саҳим медонанд,

Бод барои ман замзамаи пинҳонӣ дорад.

Ва дарахти барги хотироташро барои ман мехонад,

Вале дар нигоҳи ту чист, эй ғариб!?

Ки маро бесавод месозад.

پروین پژواک- کانادا- افغانستان

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *