Толибон 20 сарбози афғонро куштанд

Неруҳои гурӯҳи Толибон дар наздикии марзи Афғонистон бо Покистон ба неруҳои артиши Афғонистон ҳамла карда ва 20 сарбозро куштаанд.

Неруҳои гурӯҳи Толибон дар наздикии марзи Афғонистон бо Покистон  ба неруҳои артиши Афғонистон ҳамла карда ва 20 сарбозро куштаанд.

Мақомоти расмии Афғонистон гуфтаанд, ки ин ҳодиса рӯзи 9 апрел дар ноҳияи Шӯробаки вилояти Қандаҳор рух додааст.

Сухангӯи гурӯҳи Толибон Қорӣ Юсуф Аҳмадӣ масъулияти ҳамла ба неруҳои давлати Афғонистонро ба ӯҳда гирифта ва гуфтааст, ки ин гурӯҳ ба миқдори зиёд силоҳ ва муҳимоти ҷангиро низ тасарруф кардааст.

Ҳамчунин, мақомоти неруҳои Амрико дар Афғонистон хабар додаанд, ки рӯзи 8 апрел бар асари ҳамлаи интиҳории гурӯҳи Толибон дар наздики пойгоҳи низомии марказии неруҳои ИМА ду сарбоз ва як низомии неруҳои дарёии ин кишвар кушта шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *