Занозанӣ дар майдони футболи Бразилия

Бозии ду дастаи футболи Бразилия- “Атлетико Гоияниенсе” ва “Вила-Нова” бо занозании умумӣ поён ёфт.

Бозии ду дастаи футболи Бразилия- “Атлетико Гоияниенсе” ва “Вила-Нова” бо занозании умумӣ поён ёфт.

Бино ба гузориши шабакаи телевизиони “МИР 24”, моҷаро нахуст миёни футболбозон шурӯъ шуда ва сипас, мураббиёну кормандони ин ду даста ҳамроҳ шудаанд.

Кормандони амниятии варзишгоҳ ва пулис натавонистаанд ҳатто бо истифодаи гази ашковар  аъзои ин ду дастаи футболро ором кунанд. Ба кумаки онҳо неруҳои пулиси вижа ирсол шудаанд.

Дар натиҷаи занозанӣ аксбардори ҳирфавии дастаи “Атлетико Гоияниенсе” захмӣ шуда ва дар бемористон бистарӣ шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *