Хоки Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммадро ба Ватан меоранд
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин 18-уми май дар шаҳри Маскав бо Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров мулоқот карда, масъалаҳои ҳамкориҳои Тоҷикистону Русияро баррасӣ намуданд.
Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, сафари Сироҷиддин Муҳриддин ба Русия бо ҳадафи иштирок дар маросими қабули капсулаҳои хок аз маҳалли дафни қаҳрамонони Тоҷикистон-Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва сиёсатмадори маъруф Нисор Муҳаммад сурат гирифтааст.
Интизор меравад, ки имрӯз, 19 май вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин бо турбат ё хоки ин шахсиятҳо ба Душанбе баргардад.
Ёдовар мешавем, ки Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад аз чеҳраҳои барҷастаи таърихи Тоҷикистон ба шумор мераванд. Онҳо соли 1937 дар давраи таъқибҳои сталинӣ бо иттиҳомҳои сохта ҳамчун “душмани халқ” боздошт ва дар канори Маскав ба қатл расонида шуданд. Ҷасадҳои онҳо дар қабрҳои дастаҷамъӣ ба хок супурда шуда буданд.
Баъд аз марги Иосиф Сталин, дар солҳои 1950-ум ҳарсе расман бегуноҳ эътироф гардиданд.
Нусратулло Махсум нахустин раҳбари давлати Тоҷикистон буда, барои таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун воҳиди мустақил дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ саҳми калидӣ гузоштааст. Ӯ соли 1937 бо иттиҳоми “миллатгароӣ” ва “фаъолияти зиддиинқилобӣ” тирборон шуд. Соли 2006 ба ӯ унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд.
Шириншоҳ Шоҳтемур низ аз сиёсатмадорони маъруфи тоҷик ва аз ҳамсафони наздики Нусратулло Махсум буд. Ӯ дар муттаҳидсозии сарзаминҳои тоҷикнишин ва ҳифзи ҳуввияти миллӣ нақши муҳим бозидааст. Шириншоҳ Шоҳтемур соли 1937 баъди боздошт ва шиканҷа дар Маскав ба қатл расонида шуд. Ӯ ҳам соли 2006 соҳиби унвони «Қаҳрамони Тоҷикистон» гардид.
Нисор Муҳаммад аз аввалин маорифпарварони Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Ӯ аввалин вазири маорифи ҷумҳурӣ буда, дар таъсиси мактабҳои тоҷикӣ, таҳияи китобҳои дарсӣ ва ҷалби зиёиёни маъруф ба корҳои давлатӣ саҳми назаррас гузоштааст. Ӯ низ соли 1937 бо иттиҳомҳои сохта боздошт ва тирборон карда шуд.
Имрӯз номи ин шахсиятҳо ҳамчун рамзи мубориза барои давлатдорӣ, маърифат ва ҳуввияти миллӣ дар таърихи Тоҷикистон бо эҳтиром ёд мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ