Нависанда ва тарҷумони маъруф Истад Қосимзода 90-сола шуд
Нависанда, тарҷумон ва узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Истад Қосимзода ба синни мубораки 90 расид.
Ӯ 19 майи соли 1936 дар деҳаи Пасурхии ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарё ба дунё омадааст. Истад Қосимзода хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин буда, солҳои зиёд дар рушди адабиёт ва фарҳанги тоҷик саҳми арзишманд гузоштааст.
Мавсуф дар Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, маҷаллаи «Тоҷикистон», Радиои «Тоҷикистон» ва рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» фаъолият кардааст. Ҳамчунин, муддате дар Афғонистон ба ҳайси тарҷумон кору фаъолият намудааст.
Истад Қосимзода муаллифи маҷмӯаи ҳикояву қиссаҳои «Янгаи соҳибҷамол», «Ситези зиндагӣ», «Гунҷишкаки лоло» ва «Ошиқ будаем рӯзе» мебошад, ки миёни хонандагон маҳбубияти зиёд доранд.
Ӯ ҳамчун тарҷумони соҳибтаҷриба низ шинохта мешавад. Аз ҷумла, романҳои Абдулло Қодирӣ «Рӯзгори мозӣ» (2002), Пауло Коэло «Кимёгар», Чингиз Айтматов «Қиёмат» (солҳои 2003–2006), инчунин китоби Нурсултон Назарбоев «Даҳ соли буҳронӣ»-ро дар ҳаммуаллифӣ бо Ҳ. Ёров ба тоҷикӣ тарҷума кардааст.
Ҳамчунин, тарҷумаи асарҳои адибони маъруфи ҷаҳон – Эрнест Ҳемингуей «Ҷашн» («Фиеста»), А. Чаковский «Сурати нотамом», ҷилдҳои 2, 4 ва 6/2 романи публитсистии нависандаи озар Э. Охундов «Ҳайдар Алиев. Шахсият ва замон», инчунин рисолаи маъруфи Арасту «Поэтика» аз заҳмати ӯст, ки дар шакли китоб ба нашр расидаанд.
Истад Қосимзода бо фаъолияти пурбори эҷодӣ ва тарҷумаҳои арзишманди худ дар ғанӣ гардондани адабиёти тоҷик саҳми назаррас гузоштааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ