Пораи хоки қаҳрамонони Тоҷикистон ба Ватан оварда шуд(видео)

Имрӯз, 19 май пораи хоки қаҳрамонони Тоҷикистон – Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва сиёсатмадори маъруф Нисор Муҳаммад ба Ватан оварда шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун рамзи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихии ин шахсиятҳо, дар маросими расмӣ капсулаҳои хокро қабул карданд.

Маврид ба зикр аст, ки Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 18 май дар шаҳри Маскав бо Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров мулоқот анҷом дода, масъалаҳои ҳамкориҳои Тоҷикистону Русияро баррасӣ намуд.

Гуфта мешавад, сафари ҳайати Тоҷикистон ба Русия бо ҳадафи иштирок дар маросими қабули капсулаҳои хок аз маҳалли дафни Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад сурат гирифт.

Ёдовар мешавем, ки Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад аз чеҳраҳои барҷастаи таърихи давлатдории тоҷикон ба шумор мераванд. Онҳо соли 1937 дар давраи таъқибҳои сиёсӣ ва репрессияҳои сталинӣ бо иттиҳомҳои сохта ҳамчун “душмани халқ” боздошт ва дар канори шаҳри Маскав ба қатл расонида шуданд. Ҷасадҳои онҳо дар қабрҳои дастаҷамъӣ ба хок супурда шуда буданд.

Баъд аз марги Иосиф Сталин, дар солҳои 1950-ум ҳарсе расман бегуноҳ эътироф гардиданд.

Нусратулло Махсум нахустин раҳбари давлати Тоҷикистон буда, дар таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун воҳиди мустақил дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ саҳми калидӣ гузоштааст. Ӯ соли 1937 бо иттиҳоми “миллатгароӣ” ва “фаъолияти зиддиинқилобӣ” тирборон шуд. Соли 2006 ба ӯ унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд.

Шириншоҳ Шоҳтемур низ аз сиёсатмадорони маъруфи тоҷик ва аз ҳамсафони наздики Нусратулло Махсум ба шумор мерафт. Ӯ дар муттаҳидсозии сарзаминҳои тоҷикнишин ва ҳифзи ҳуввияти миллӣ нақши муҳим бозидааст.

Шириншоҳ Шоҳтемур низ соли 1937 баъди боздошт ва шиканҷа дар Маскав ба қатл расонида шуд ва соли 2006 соҳиби унвони «Қаҳрамони Тоҷикистон» гардид.

Нисор Муҳаммад бошад, аз аввалин маорифпарварони Тоҷикистон маҳсуб шуда, ҳамчун аввалин вазири маорифи ҷумҳурӣ дар таъсиси мактабҳои тоҷикӣ, таҳияи китобҳои дарсӣ ва ҷалби зиёиён ба корҳои давлатӣ саҳми назаррас гузоштааст. Ӯ низ соли 1937 бо иттиҳомҳои сохта боздошт ва тирборон карда шуд.

Имрӯз номи ин шахсиятҳо ҳамчун рамзи мубориза барои давлатдорӣ, маърифат ва ҳифзи ҳуввияти миллӣ дар таърихи Тоҷикистон бо эҳтироми хоса ёд мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *