Пораи хок аз турбати чеҳраҳои маъруфи Тоҷикистонро дар “Лучоб” дафн карданд

Пораи хок аз турбати Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад дар оромгоҳи “Лучоб”-и шаҳри Душанбе ба хок супорида шуд.

Дар маросими дафни рамзии ин чеҳраҳои маъруфи таърихи навини Тоҷикистон Файзалӣ Идизода, раиси Парлумон, намояндагони ҳукумат, зиёиён, адибон ва пайвандони онҳо иштирок карданд.

Гулчеҳра Нусратуллоева, набераи бузурги Нусратулло Махсум зимни суҳбат бо хабарнигорон изҳор дошт, ки фазои маросим ӯро сахт эҳсосотӣ кард.

“Хаёл кардам, ки бобоям нав аз дунё гузаштаасту имрӯз маросими ҷаноза ва дафни ӯ баргузор мешавад”, – гуфт ӯ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *