Убайдуллоевро фиреб карданд…

…Шабона, вақте ки кӯдаконам масти хоб буданд, садои пуртаҳлукае маро аз хоб бедор кард. Сели пурдаҳшат ба кӯчаю ҳавлии мо даромада, ҳамаро зеру забар менамуд.

…Шабона,  вақте ки кӯдаконам масти хоб буданд, садои пуртаҳлукае маро аз хоб бедор кард. Сели пурдаҳшат ба кӯчаю  ҳавлии мо даромада, ҳамаро зеру  забар менамуд.

Илоҷе карда, кӯдаконро бедор кардаму онҳоро аз байни обу лой берун кашидам ва ба ҷои амнтар бурдам. Дар байни чанд дақиқа хонаи моро дар пеши назарам ин даҳшат зеру забар намуд. Ин аст баёни  кӯтоҳи ҳолати оншабаи аҳли оилаи ман  соати 2 шаби 16 апрели соли 2016…

…Он замон моро танҳо нагузоштанд ва хешу табору ҳаққу ҳамсоя кумакамон карданд, ки ҳамчун омӯзгоре, ки собиқаи кории 32 — сола дорам, ба онҳо арзи сипос менамоям. Намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва комиссияи махсус дар бораи корношоям будани манзили мо санад тартиб доданд ва акнун  бояд ман бо супориши раиси собиқи шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллое  бо 8 нафар узви оилаам соҳиби хонаи нав мешудам ва ин кор бояд се сол пеш сурат мегирифт. Аммо то ҳол бо фарзандонам дар ба дар гаштааму аз иҷрои он ваъдаҳо дараке нест. Ин даъвои ман гапи  холӣ нест, балки бояд дар асоси ҳуҷҷати Идораи нотариалии давлатии ноҳияи Шоҳмансур таҳти №0766438 , аз 21 октябри соли 2016 бояд ба ҷои хонаи харобгаштаам соҳиби хонаи дигар мешудам. Ман ба ин чиновникҳои бемасъулият бовар кардам ва дар зери аризае, ки гӯё ман соҳиби ҳуҷраи духонагӣ шудааму аз раиси шаҳр барои ин хизматаш миннатдорам,  имзо гузоштам. Чунин санадро ҳуқуқшиноси ноҳияи Шоҳмансур ва Вазорати адлия тартиб дода, имзои маро гирифтанд. Бовар кунед, чунин фиребгариро дар давоми солҳои дарози омӯзгориам ҳатто аз хонандагони  бадрафтортарин  ҳам надидаам! “ Ба Шумо, муҳтарам раиси ш. Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоевич арзу сипоси худ ва аҳли оилаамонро оиди таъмин намудани мо бо хонаи истиқоматии дуҳуҷрагӣ бар ивази хонаи истиқоматии дар ҳолати садамавӣ қарордоштаам, воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Хоруғ хонаи 154 баён менамоям. Аз ин лутфатон мо қаноатбахш ҳастем…” ин аст яке аз ҷумлаҳое, ки маро гуфтанд ба зераш имзо гузоштам. Аммо  аз ҳамон соату рӯзу моҳ, то ин дам ману наздиконам, шавҳарам Неъматулло, 3 набераи хурдсолам, писарам Давлатманд, духтарам Фотима, келинам Сайёра ва худам хору залил ва дар ба дар гашта, дар хобгоҳи омӯзгорон, ки ҳар рӯз таҳдиди хестан мекунанд, истиқомат дорем.

То ҳол танҳо бо дахолати собиқ раиси ноҳияи Шоҳмансур моро аз он ҷо нарондаанд. Ман ҳайронам, ки наход бевиҷдонӣ то дараҷае бошад, ки барои кори иҷронашуда ҳам миннатдорӣ кунем? Моро — ку як бор сел аз хонаамон ронд, магар ин соҳибмансабони дурӯя  аз шаҳр ҳам ронданиянд? Ман дар давоми умри омӯзгориам дар шаҳри азизам  шогирдонамро танҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ҳақиқатпарастӣ  тарбия намудаам, пас чунин шахсони бемасъулият аз куҷо пайдо мешаванд,ки амри ҳукуматро чун бозича ба манфиати худ истифода мебаранд?  Шояд хонаи маро кайҳо ба каси дигар додаанду ҳоло бо ману кӯдаконам “мушу гурбабозӣ” мекунанд? Вақтҳои охир ин масъулон  баҳона мекарданд, ки раис иваз шуд. Аммо баъд аз иваз шудани раиси шаҳр, ки ҷавони қобилиятнок Рустами Эмомалӣ таъин гардид, ман ба он кас муроҷиат намудам ва раиси нав супориш дод, ки ба арзи муаллима расед, вале онҳо ҳатто ба номаи ман ҷавоб надоданд ва худам онро рафта гирифтам.

Муҳтарам раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ! Аз Шумо чун фарзанди барӯмандтарин шахсият дар кишварамон илтиҷо мекунам, ки ин масъаларо пайгирӣ намуда, ману фарзандонамро аз саргардонӣ раҳо намоед. Ман танҳо ҳаққи худу аҳли оилаамро талаб мекунам,ки онро ба ман  Конститутсияи кишвари соҳибистиқлоламон додааст, на чизи дигар. Умед дорам,ки ба доди ман ва кӯдаконам мерасед.

Идимо Имматшоева,

омӯзгор, сокини  шаҳри Душанбе

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *