Умарҷони Эмомалӣ -муовини роҳбари дастгоҳи вазир

Умарҷони Эмомалӣ, сардори Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон муовини роҳбари дастгоҳи вазири корҳои дохилӣ таъин гардид.

Таъини ӯ ба ин вазифа чанд рӯз пеш бо фармони вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-полковник Рамазон Раҳимзода сурат гирифтааст.

Ба  ҷои Умарҷони Эмомалӣ  Нусратулло Маҳмадзода, ки дар маркази матбуоти ВКД фаъолият мекард,  таъйин гардид.

Ба иттилои як манбаъ аз ВКД, Нусратулло Маҳмадзода таҷрибаи кор дар ВКД-ро дорад ва барномаи «Ахбори ВКД»-ро дар шабакаҳои телевизиони давлатӣ пеш мебурд.

 Умарҷони Эмомалӣ соли 2016 бо фармони вазири корҳои дохилӣ  сардори  Маркази матбуоти ВКД таъйин шуда буд. Ӯ аз соли 1999 то кунун дар зинаҳои гуногуни ин вазорат фаъолият дошт ва  полковники корҳои дохилӣ мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *