Қурғонтеппа: Бозори Ҳоҷӣ Шариф сӯхт

Субҳи имрӯз соати 7 — саҳар, тавре як манбаъ аз ин минтақа ба Tajikistantimes хабар дод, бозори Ҳоҷӣ Шариф дар шаҳри Қӯрғонтеппа оташ гирифт. Сӯхтор асосан аз қисмати мошинбозор оғоз ёфт ва блоки 2 уми ин бозорро фаро гирифт. Дар ин қисмати бозор асосан дӯконҳои маводи сохтмонӣ ҷойгир ҳастанд.

Тибқи хабари расида тахминан 25 дӯкон ба коми оташ фуру рафт. Атрофи бозорро кормандони милитсия иҳота кардаанд ва касеро барои ворид шудан иҷозат намедиҳанд. Ба як хабарнигори Tajikistantimes муяссар , ки бо соҳиби дуконе ҳамсӯҳбат шавад. Мувофиқи маълумоти он шахс молу маҳсулоти ҳар кадом

 

дукон тахминан беш аз 200 000 доллаи амрикоиро ташкил медиҳад. Ҳануз мо натавонистем дар бораи масоҳати ба коми оташ фуру рафтаи бозор маълумоте ба даст орем.

 

Бозори Ҳоҷӣ Шариф калонтарин дар минтақа буда, бо назардошти минбаъд фаро гирифтани қисмате аз Афғонистон сохта шудааст.

Дар сурати пайлдо кардани маълумотҳои иловагӣ моба  хонандагони сомона хабар медиҳем.

Бо  Tajikistantimes бошед!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *