Ванҷ: Ҷанҷол бо кордзанӣ анҷомид

Тахминан соати 18:00-дақиқа, дар назди купруки деҳаи Роғи ноҳияи Ванҷ миёни ду сокини 31 ва 37-солаи ноҳияи мазкур муноқиша ба миён омада, бо якдигар ҷангу ҷанҷол кардаанд.

Сипас, марди 37-сола бо корди дар дасташ буда як маротиба ба пушти марди 31-сола задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст.
Вобаста ба далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот дар ин самт давом дорад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *