Вазир мактабро таъмир кард

Бо ташаббуси бевоситаи Вазири корҳои дохилӣ,генерал-полковники милиса  Раҳимзода Рамазон Ҳамро мактаби миёнаи рақами 30, воқеъ дар деҳаи кӯҳистони Сияҳкуртаҳои ҷамоати ба номи Ғаффор Мирзои ноҳияи Ховалинг аз таъмири капиталӣ бароварда шуда, бо техника ва асбобҳои зарурии мактабӣ таъмин гардид ва  мавриди истифодаи фарзандони мардум қарор гирифт.

То ин вақт мактаби номбурда дар шароити бениҳоят бади номувофиқ барои таҳсилу тарбияи мактабиён қарор дошт.Ташаббуси бевоситаи вазири Корҳои дохилӣ мактабиёну аҳолии ин деҳаро бениҳоят шод гардонд.
Дар кушодашавии мактаби мазкур шахсан худи вазир Рамазон  Раҳимзода иштирок намуда, муаллимону мактаббачагонро табрику муборакбод намуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *