Муноқиша бо кордкашӣ анҷомид

Бино ба маълумоти ВКД, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 45-солаи сокини ноҳияи Спитамен бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.

Номбурда, рӯзи 13-уми октябри соли 2018, тахминан соати 23:30-дақиқа, дар ҳолати мастӣ дар назди ҳавлии истиқоматиаш бо марди 45-солаи сокини ҳамин ноҳия вохӯрда, аз сабаби муноқишаи ба миён омада ҷангу ҷанҷол карда, бо корд 1-маротиба ба шикамаш задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Нисбати марди гумонбар парвандаи ҷиноятӣ мутобиқи моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *