Вазорат огоҳ аст. Куҳистони Мастчоҳ соҳиби роҳ мешавад
Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба мақолаи “Чанд мушкили як водӣ, ё Куҳистони Мастчоҳ кай соҳиби роҳи обод мешавад?”, ки дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ва сомонаи Pressa.tj нашр шудааст, чунин иттилоъ медиҳад:
Аз таъмирталаб будану ниёз ба таҷдид доштани роҳи мазкур Вазорати нақлиёт огоҳ аст ва бо истифода аз имконятҳои ҷойдошта барои дар ҳолати кушода нигоҳ доштани роҳҳо корҳои зиёдро ба анҷом мерасонад.
Дар робита ба таъмири роҳи болозикр гуфтанием, ки соли 2021 аз ҳисоби маблағҳои барои таъмири асосӣ пешбинишуда барқарорсозии пули воқеъ дар км 5-уми роҳи автомобилгарди Айнӣ-Куҳистони Мастчоҳ гузаронида шуда, соли ҷорӣ низ аз ҳисоби маблағҳои сохтмони асосӣ барқарорсозии роҳи автомобилгарди Айнӣ-Оббурдон дар километрҳои 22-24 ва 34-ум анҷом дода шудааст.
Ҳамзамон, маълум менамоем, ки аз ҷониби вазорат дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд мустаҳкамкунии нишебии километри 42-45-уми роҳи мазкур низ ба нақша гирифта шуда, ҳамкориҳо дар ин самт идома доранд ва дар мавриди дарёфти маблағ иҷрои корҳо оғоз хоҳанд ёфт.
Ҳамасола бо истифода аз маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ аз ҷониби Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияҳои Айнӣ ва Куҳистони Мастчоҳ иҷрои корҳои таъмиру нигоҳдорӣ дар роҳи мазкур гузаронида мешавад. Дар муддати 10 моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби МДНРА-и ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ дар роҳи автомобилгарди Оббурдон-Палдорак бо дарозии 4 км, роҳи Асровуд-Ғузндара бо дарозии 0,2 км ва роҳи Самҷун-Туро бо дарозии 2,0 км корҳои шағалпӯшкунонӣ иҷро гардидаанд.
Ҳамкории МДНРА-и Куҳистони Мастчоҳ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия хуб ба роҳ монда шуда, ҳамасола барои таъмиру таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ соҳибкорони маҳаллӣ низ ҷалб мегарданд.
Дар мақола аз ҳаракати мошинҳои гаронвазн, ки боиси вайрон гардидани пули мошингузар гардидааст, изҳори нигаронӣ карда шудааст. Дар ин иртибот кормандони Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соњаи нақлиёт корро ҳамарўза ба роҳ монда, ҳаракати мошинҳои гаронвазн таҳти назорат қарор дорад.
Лоиҳаи роҳи автомобилгарди Айнӣ-Куҳистони Мастчоҳ ба рӯйхати лоиҳаи афзалятноки соҳа ворид карда шудааст, ки мавриди диққати роҳбарияти вазорат барои дарёфти манбаи сармоягузорӣ қарор дорад.
Азим ИБРОҲИМ, вазири нақлиёти ҶТ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ