Вазорати мудофиа: Даъвати баҳорӣ ба сафи Артиш 54,3% иҷро шуд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Артиши кишвар дар сатҳи ҷумҳурӣ 54,3%-ро ташкил менамояд. Дар ин бора аз раёсати иттилоот ва робита бо ҷомеаи вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои вазорат имсол дар ҳама шаҳру новоҳии кишвар Рӯзи даъватшаванда дар сатҳи зарурӣ ташкилу баргузор шуд.
Гуфта мешавад, ки чун солҳои қаблӣ Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар рӯзи аввали даъват аз иҷрои пурраи нақша, гузориш дод.
“Вилояти Хатлон низ назар ба солҳои қаблӣ пешсаф буда, нишондиҳандаҳои назаррас дорад. Ин аст, ки дар рӯзи аввали даъвати ҷавонон ба хизмиати ҳарбӣ, шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб, Норак ва ноҳияҳои Дӯстӣ, Ёвон, Вахш нақшаи даъвати баҳориро пурра иҷро намуданд”, – иттилоъ медиҳад вазорати мудофиа.
Ҳамзамон,ба иттилои вазорати мудофиа, бархе аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, аз ҷумла ноҳияи Рашт, Сангвор, Тоҷикобод, Лахш ва Нуробод аз иҷрои нақшаи даъват хабар доданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ