ВКД-и Узбекистон нашаҷалоби тоҷикро боздошт намуд

Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки сокини деҳаи Ҳосилоти Ҷамоати деҳоти Мирзо Ризои ноҳияи Ҳисор, ки дар кофтукови байналмилалӣ қарор дошт, аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шаҳри Тошканд боздошт гардид.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар асоси Шартномаи «Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» 26 феврали соли равон шаҳрванд Воҳидов Ҳомид Ҷурақулович, соли таваллудаш 1961, сокини деҳаи Ҳосилоти Ҷамоати деҳоти Мирзо Ризои ноҳияи Ҳисор, ки ҳамчун шахси пешсудшуда бо моддаи 273 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои содир намудани ҷинояти дар моддаи 200 (муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда дар кофтукови байналмиллалӣ қарор дошт, аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шаҳри Тошканд дастгир гардида, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонида шуд.

Ба иттилои манбаъ, ҳамкории дуҷониба дар ин самт вусъат меёбанд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *