«Як ГАП гуптум дия…» Ё хоби хуш ҳам таъбир дорад

…Аз дарвозаи бозори “Ховарон”  қадам ба дарун ниҳодаму ҳангам канд. Чӣ шӯре буд дар бозор! Ҳар кас моли худро таъриф карда, харидорони камшуморро ба тарафи худ мекашид.

-Амакӣ, биё беҳтарин картошкаи Ҷиргатол. Нархаш якуним сомонӣ…

-Тарбузи Шаҳртузда биё бача, калонаш панҷ сомонӣ, хурдаш се сомонӣ…

-Акаҷон, биё, ки беҳтарин помидор тамом мешавад,-ба мошини Камази пурпомидор ишора мекард ҷавони фурӯшанда,-Ҳамагӣ як сомонӣ,хайр биё ана,  80 дирамӣ ҳам мешавад…

Ман,ки таваҷҷуҳ танҳо ба сабзӣ доштам ва мехостам бегоҳ палов хурам, ба коғази болои халтаи ба қавли мардуми зарафшонӣ “зарҷома”  нигаристам. “0-50 дирам” навишта шуда буд дар нархнома…

Ба хотири кафшери гап ва  “ҳалолии савдо” гуфтам:

-Э,сабзӣ боз қиммат шудааст ку….?

-Майлаш ако, агар бисёр гиред, 45 дирамӣ ҳам медиҳам…

Панҷ кило харидаму фурӯшанда нав ба пардахалтаи селофанӣ меандохт, ки наърае ба гушам расид:

-“Хур” гуфта мехобӣ, хез назди хона мошини сабазавотфурӯшӣ омадааст, сабзии 8 сомона дорад. Ҳамсояҳо хариданд. Мераваду ба бозор рафта 9 сомонӣ мехарӣ ва боз пуштора карда меоӣ…

Чашмонамро молида, ба болои сарам нигаристам. Занак даст дар миён рост истода буд ва ваҷоҳаташ ба назарам он замон мисли карами пусида намуд. Ман ҳам паст наомадам:

-Беақл. Агар ту намешудӣ, ҳоло панҷ килояшро дуним сомонӣ мехаридам…

Ӯ чизе нафаҳмида, ангушти ишораташро гирди сараш тоб доду аз дар баромад…

…Бале, дигар чунин нарху наворо  танҳо дар хоб мебинем.Ба назарам, агар дар ҷаҳон нархҳо 0,5 фоиз баланд шаванд, дар Тоҷикистон бо “сабабҳои техникӣ” нолашро мепартоянду якбора 5 фоиз мехезанд. Шумо медонед, ки дар кишвари мо агар чизе “хезад” дигар хобондани он имкон надорад. Бовар намекунед? Бубинед, гази 2 сомону 20 дирама оҳиста оҳиста ба хестан сар карда, аввал се, баъд чор ва имрӯз то 7 сомонӣ хест ва хестанҳо идома доранду ягон Кумитаи зиддиинҳисорӣ шиддати болоравии  онро паст карданӣ нест ва ё наметавонад. Даъвагарон ва ҷонибдорони “хестанҳо” мегуянд, ки чун мо газу бензини худӣ надорем, садди роҳ шуда наметавонем. Аммо Украина ҳам надорад ва дар инвизои   истеҳсолкунандаи асосии газ-Русия қарор дорад, аммо нархи сӯзишворӣ дар он ҷо аз Тоҷикистони мо дида, хеле арзонтар асту ҳамагӣ 4 сомонӣ мебошад. Ҳол он,ки музди меҳнати украинҳоро бо дастранҷи мо муқоиса кардан хандаовар асту мо “Русияҷон” дорем.

Магар сабзӣ  (дар симои ин сабзавоти муътабар  ҳамаи маҳсулотро дар назар дорам) ҳам дар  Русия ва Қирғизистон истеҳсол мешавад?

Хулоса,тавре дар давраҳои Шӯравӣ дар ҷаласаҳои ҳизбӣ мегуфтанд: “Танбал шудаем, рафиқон!” Охир агар аз моҳи марту апрел,ки сабзӣ ба қимматшавӣ сар кард, панҷ моҳ гузашту ин сабзавот дар 65-70 руз ба камол мерасад. Магар деҳқони боақл ва вазорати аз ӯ ҳам боақлтари кишварзӣ натавонистанд то ин дам онро калон карда ба бозор бароранд? Натавонистанд! Сабаби ин аввал танбалӣ бошад, сониян идоранашаванда будани истеҳсолоти хоҷагии қишлоқ аст ва ….уфф, кадомашро мегуӣ…Я танбал худи ман. Ҳамон вақт як рафиқи дурбин маслиҳат дод,ки  замини наздиҳавлигиатро (қариб 6 сотих) зуд аз гулу гулзор тоза карда, сабзӣ кор,тобистон таги пул мемонӣ. Ман чӣ гуфтам?Гуфтам, ки мо сокини шаҳрем ва шаҳрамонро деҳқон бо маҳсулот пур мекунаду пул дода мехарем. Шаҳр ҷои гулу гулкорист ,на барои пулкорист. Мебинед,ки сахт хато кардаам ва бо гули бобунаю садбарг ва ҳатто “ошиқи печон” ош пухта намешавад. Маҷбурам барои хариди ду кило сабзӣ чанд соат паси компютер нишаста мақола нависам, ҳол он, ки метавонистам бо пули даҳ кило сабзии фурухтаам, ки танҳо ду се бор об дода будам, ҳоло оши палави гӯштдор бо сабзии бепул хурам ва фароғат карда, сериали туркӣ тамошо кунам.  “Муште,ки баъд аз ҷанг ба ёдат ояд, ба сари худ бизан” мегуянд дар урфият. Имсол,ният дорам,ки ин хаторо ислоҳ кунаму ба ҷои қалам каланд гирам,ҳам ба ҷисм фоидаю ҳам ба кисса. Зеро медонам,ки аз ин навиштуну гуфтанҳо пинаки касе вайрон намешавад ва касеро ҳам аз масъулон  занаш аз хоб бедор намекунад,ки хезу хестани нархи сабзиро бин. Ба ҳар ҳол, ба қавли як рафиқи туркманам,ки қоидаи имлои тоҷикиро вайрон карда, сабзикориро маслиҳат дода буд,  “як гуптум дия…”

Абдумудассир Аҳмадзода

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.