Як садамаву чанд қаллобӣ аз хабарҳои ВКД

 

Ҳалокати ронанда дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ

Рӯзи 31-уми январи соли 2019, тахминан соати 12:15-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» Мирзоев Бег Давлатович, соли таваллудаш 1962, сокини ноҳияи Мастчоҳ, ҳангоми ҳаракат бо роҳи нақлиётгарди «Душанбе-Хуҷанд-Чанноқ», дар ҳудуди деҳаи Ҷ.Балхии шаҳри Исфара аз ӯҳдаи идораи автомашинаи набаромада, ба самти муқобили ҳаракат баромада, ба автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», таҳти идораи ронанда, Миров Шоҳҳусейн Самадович, соли таваллудаш 1965, сокини ноҳияи Мастчоҳ, бархӯрдааст.

Дар натиҷа, автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» ба канори рости роҳ баромада чаппа шудааст ва ронандаи автомашинаи мазкур Миров Ш.С. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад.

Дастгир шудани ду мард бо гумони тамаъҷӯӣ дар ноҳияи Шаҳритус

Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 38-солаи сокини ноҳияи Шаҳритус бо ҳаммаслакаш бо гумони тамаъҷӯӣ дастгир карда шуданд.

Номбурда дар нуқтаи бозии компютерӣ бо бурди пулӣ, ки онро шахсан худаш ташкил карда, назорат мекард, санаи 10-уми январи соли 2019 марди 32-солаи сокини ноҳияи мазкурро даъват намуда, ба ӯ маводҳои мадҳушкунанда ба монанди ҳабҳои синтетикӣ ва воситаҳои нашъадори дар тамоку омехташударо дода, ҳангоми бозӣ кардан гӯё ӯ “бохтааст” ва бо роҳи тамаъҷӯӣ аз ӯ маблағи 10000 доллари амрикоӣ талаб карда гирифтааст.
Номбурда рӯзи 11-уми январи соли 2019 дар назди бозори марказии ноҳияи Шаҳритус бо ҷабрдида вохӯрда, аз ӯ боз маблағи 1000 долари амрикоӣ талаб карда гирифтааст.
Номбурда бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт ҷабрдидаро ба нуқтаи бозии компютерӣ бо бурди пулӣ даъват карда, бо роҳи тамаъҷӯӣ аз ӯ маблағи 128000 сомонӣ талаб карда, ҳамзамон тавассути зангҳои телефонӣ ва ирсол намудани паёмакҳо бо роҳи таҳдид илова кардааст, ки агар ин миқдор маблағро дода натавонад, дар ин хусус оиди ин кирдорҳояш ба падару модар ва зану фарзандонаш хабар медиҳад.
Рӯзи 29-уми январи соли 2019, номбурда бо маслиҳати пешакӣ бо рафиқаш, ки якҷо дар нуқтаи бозиҳои компютерӣ бо бурди пулӣ кор мекарданд, барои гирифтани маблағи пулӣ ҷабрдидаро тариқи занги телефонӣ даъват карда, сипас бо автомашина ба самти ҷамоати деҳоти Обшорони ноҳияи Шаҳритус бурда, мавриди лату кӯб қарор додаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ санаи 29-уми январи соли 2019, тахминан соатҳои 22:30-дақиқа, номбурдагон дастгир карда шуда, нисбаташон бо моддаи 250 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Муайян ва ошкор шудани ҳодисаҳои қаллобӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо ариза марди 51-солаи сокини ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи марти соли 2015, марди 33-солаи сокини ҷамоати деҳоти Оббурдон бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 330 000 рубли Федератисияи Россияро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Ҳамчунин ба ШВКД дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ марди 37-солаи сокини ноҳияи Мастчоҳ муроҷиат намудааст, ки моҳи октябри соли 2014, марди 33-солаи дар боло зикргардида бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ барои ҷудо намудани 0,10-га қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз ҳудуди ҷамоати деҳоти Оббурдон 7500-доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Оид ба ҳодисаи қаллобӣ ба ШВКД дар ноҳияи Кӯшониён аризаи марди 38-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки моҳи ноябри соли 2018, марди 51-солаи сокини ҳамин ноҳия, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 50000 сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст. Нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ мутобиқи моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ марди 37-солаи сокини ноҳияи мазкур дар он хусус муроҷиат намудааст, ки моҳи июни соли 2016, марди 58-солаи сокини ҷамоати деҳоти Меҳнатободи н.Ҳамадонӣ бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 10 000-доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Ҳамчунин ба мақомоти корҳои дохилӣ марди 45-солаи сокини кӯчаи Бухорои пойтахт муроҷиат намудааст, ки соли 2014 марди 58-солаи дар боло зикршуда бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 15000-доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *