Ярмаркаи ҷойҳои кор. Ҳисобот муҳим ё натиҷа?
Дар Тоҷикистон шаҳрвандони дар ҷустуҷӯи кор афзоиш ёфтаанд. Ҷойҳои холии кор аз тарафи корхонаҳое, ки пешниҳод мекунанд, коҳиш ёфтааст. Сабаб дар чист?
Аз афзоиши бекорӣ то коҳиши пешниҳоди ҷойи кор
Тибқи маълумоти Агентии омори Тоҷикистон, то охири моҳи апрели соли 2026 шумораи бекорони расман бақайдгирифташуда ба 54 ҳазору 400 нафар расидааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10,3 фоиз зиёд мебошад. Аз шумораи умумии бекорон 26 ҳазор нафар ё 47,7 фоизро занон ташкил медиҳанд. Ҳамчунин, сатҳи расмии бекорӣ нисбат ба шумораи умумии қувваи корӣ ба 1,9 фоиз баробар аст.
Дар ҳамин ҳол, шумораи умумии қувваи корӣ дар кишвар 2 миллиону 899 ҳазор нафарро ташкил дода, аз ин 2 миллиону 845 ҳазор нафар дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёт фаъолият мекунанд. Аммо нишондиҳандаи дигар бештар нигаронкунанда аст. Теъдоди шаҳрвандоне, ки ҳамчун корталаб дар мақомоти меҳнат сабтином шудаанд, ба 97 ҳазор нафар расидааст. Ин рақам нисбат ба моҳи апрели соли гузашта 17,8 фоиз бештар мебошад.
Ба иттилои Агентии омор, то дар давраи моҳи апрел 10 ҳазору 800 нафар барои дарёфти ҷойи кор ба мақомоти шуғл муроҷиат кардаанд ва 6 ҳазору 600 нафари онҳо бо ҷойи кор таъмин шудаанд. Ҳарчанд ин омор нисбат ба соли гузашта 18 фоиз зиёд аст, вале пешниҳоди ҷойҳои нави корӣ коҳиш ёфтааст. Бино ба маълумоти расмӣ, корхонаҳо то охири моҳи апрели соли ҷорӣ ҳамагӣ 12 ҳазору 900 ҷойи холии кор пешниҳод кардаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,6 фоиз кам мебошад. Тавре аз рақамҳои овардашуда бармеояд, талабот ба ҷойи кор меафзояд, аммо имкониятҳои бозори меҳнат барои қонеъ кардани ин талабот маҳдудтар мешаванд.
Умаров: Омори расмӣ воқеиятро нишон намедиҳад!
Коршиноси масоили иқтисодӣ Ҳоҷимуҳаммад Умаров мегӯяд, ки омори расмии бекорӣ ҳамеша вазъи воқеии бозори меҳнатро пурра бозгӯ намекунад. Ба гуфтаи ӯ, қисми зиёди шаҳрвандоне, ки ҷойи кори доимӣ надоранд, барои гирифтани мақоми расмии бекор муроҷиат намекунанд. Баъзеҳо дар бахши ғайрирасмии иқтисодиёт фаъолият мекунанд, гурӯҳи дигар роҳи муҳоҷирати меҳнатиро интихоб мекунанд. Аз ин рӯ, сатҳи воқеии бекорӣ метавонад аз нишондиҳандаҳои расмӣ бештар бошад.
Ба таъкиди коршинос, коҳиши ҷойҳои холии кор аз он шаҳодат медиҳад, ки бахши воқеии иқтисодиёт суръати кофии рушди худро нигоҳ дошта натавонистааст.
“То замоне ки истеҳсолот густариш наёбад, соҳибкорӣ дастгирии воқеӣ пайдо накунад ва сармоягузории нав ҷалб нашавад, таъсиси ҷойҳои нави корӣ низ маҳдуд боқӣ мемонад. Дар чунин шароит рақобат барои як ҷойи кор бештар мешавад”,- мегӯяд Ҳоҷимуҳаммад Умаров.
Ба андешаи ӯ, сиёсати давлатӣ низ бояд бештар ба таъсиси ҷойҳои нави истеҳсолӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, ҷалби сармоя ва мутобиқ намудани низоми таълим ба талаботи бозори меҳнат равона шавад.
Ярмаркаи ҷойи кор
Солҳои пеш ярмаркаҳои ҷойҳои холии корӣ яке аз воситаҳои муассири пайванди корфармоён бо корҷӯён маҳсуб мешуданд. Дар чунин чорабиниҳо шаҳрвандон мустақиман бо намояндагони муасссиву ширкатҳо вохӯрда, имкони пайдо кардани ҷойи кори муносибро доштанд. Аммо солҳои охир баргузории чунин ярмаркаҳо хеле кам ба назар мерасад. Бархе аз коршиносон бар он назаранд, ки қисми зиёди онҳо бештар хусусияти ҳисоботӣ гирифта, дигар нақши пешинаи худро дар бозори меҳнат иҷро намекунанд.
Пас, чӣ бояд кард? Коршиносон бар ин назаранд, ки коҳиши бекорӣ танҳо тавассути бақайдгирии бекорон ё зиёд намудани хизматрасониҳои мақомоти шуғл имконнопазир аст. Пеш аз ҳама, иқтисодиёт бояд ҷойҳои нави кориро ба вуҷуд орад. Ин метавонад тавассути дастгирии соҳибкорӣ, рушди истеҳсоли ватанӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, вусъати саноатикунонӣ ва эҳёи ярмаркаҳои воқеан муассири ҷойҳои корӣ амалӣ гардад. Зеро омори нави бозори меҳнат нишон медиҳад, ки дар Тоҷикистон корҷӯён меафзоянд, вале имкониятҳои бозори меҳнат маҳдуд мешаванд. Агар коҳиши ҷойҳои холии кор идома ёбад, фишор ба бозори меҳнат бештар хоҳад шуд.
Ба гуфтаи иқтисоддон Ҳоҷимуҳаммад Умаров, ҳалли мушкил танҳо дар омор ё бақайдгирии бекорон нест. Роҳи асосӣ рушди воқеии иқтисодиёт, таъсиси ҷойҳои нави кор ва дастгирии бахши хусусӣ мебошад. Танҳо дар ин сурат метавон интизор дошт, ки бозори меҳнат устувор гардида, сатҳи зиндагии аҳолӣ беҳтар хоҳад шуд.
Усмон Раҳимзода
Тафсилоти бештар дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ