Радиои «Сафина» моҳи август ба фаъолият оғоз мекунад

Радиои «Сафина» дар даҳаи дуюми моҳи августи соли равон ба фаъолият оғоз хоҳад кард. Дар ин бора директори Муассисаи давлатии телевизиони «Сафина» зимни нишасти матбуотии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, айни замон корҳои омодагӣ барои оғози фаъолияти радио босуръат идома дошта, масъалаҳои марбут ба насбу танзими таҷҳизоти техникӣ, ташкили ҳайати эҷодӣ, таҳияи шабакаи пахш ва омодасозии барномаҳо дар марҳилаи ниҳоӣ қарор доранд.

Зикр гардид, ки Радиои «Сафина» бо мақсади пешниҳоди барномаҳои иттилоотӣ, таҳлилӣ, маърифатӣ, фарҳангӣ, мусиқӣ ва фароғатӣ таъсис дода шуда, фаъолияти он ба ғанӣ гардонидани фазои иттилоотии кишвар ва қонеъ намудани талаботи шунавандагони гуногун равона хоҳад шуд.

Ба гуфтаи масъулон, дар шабакаи нави радиоӣ барномаҳои тозаи хабарӣ, суҳбатҳои мустақим, барномаҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маърифатӣ, инчунин барномаҳои махсус барои ҷавонон, кӯдакон ва оилаҳо омода гардида, ба шунавандагон пешниҳод хоҳанд шуд.

Масъулони телевизиони «Сафина» изҳори умедворӣ карданд, ки Радиои «Сафина» дар баробари дигар шабакаҳои радиоии давлатӣ ба яке аз минбарҳои муҳими иттилоотӣ ва фарҳангии кишвар табдил ёфта, дар тарғиби арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани маърифати ҷомеа ва пешниҳоди иттилооти саривақтӣ нақши муассир хоҳад гузошт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *