Беш аз 1000 маҳкумшуда аз зиндони ноҳияи Ёвон озод шуданд

Дар асоси Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф», рӯзи 6-уми июл беш аз ҳазор маҳкумшуда аз зиндони ноҳияи Ёвон ба озодӣ баромаданд.

Дар наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудаанд, дида мешавад, ки даҳҳо сокин барои пешвози пайвандон ва наздикони озодшудаи худ назди дарвозаи муассисаи ислоҳӣ ҷамъ омадаанд. Бисёре аз онҳо бо ашки шодӣ ва оғӯшҳои гарму самимӣ азизони худро истиқбол гирифтанд.

Гурӯҳи аввалини маҳкумшудагон аз муассисаҳои ислоҳии шаҳрҳои Норак ва Бохтар низ дар доираи ҳамин қонун аз адои минбаъдаи ҷазо озод карда шуданд.

Ёдовар мешавем, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» рӯзи 16-уми июни соли ҷорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид. Дар асоси он, беш аз 18 ҳазор нафар авф хоҳанд шуд.

Қонун озод намудани як қисми маҳкумшудагон аз муассисаҳои ислоҳӣ, инчунин қатъ намудани парвандаҳои ҷиноятӣ ва сабук намудани муҳлати ҷазои бархе аз маҳкумшудагонро пешбинӣ мекунад.

Мақомоти кишвар қаблан гуфта буданд, ки татбиқи қонун марҳила ба марҳила сурат гирифта, вобаста ба санҷиши ҳуҷҷатҳо ва иҷрои расмиёти ҳуқуқӣ дар муассисаҳои гуногуни ислоҳӣ амалӣ мешавад.

Интизор меравад,  ки дар рӯзҳои наздик маҳкумшудагони дигар низ аз зиндонҳои кишвар тибқи талаботи ин қонун озод карда шаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *