Ифтитоҳи роҳи мошингард дар Бохтар

Дар шаҳри Бохтар наздики 4 километр роҳи мошингард баъди навсозӣ ба истифода дода шуд.

Қоҳир Расулзода, Сарвазири мамлакат ва Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон дар маҳаллаи Ҳоҷӣ Шарифи шаҳри Бохтар роҳи мошингардро ба истифода доданд. Роҳ, ки 3 километру 800 метр аст, бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ ва саҳми оилаи Ҳайдаровҳо ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо сифати баланд мумфарш гардидааст.

Қоҳир Расулзода, Сарвазири мамлакат ин иқдоми соҳибкорони ватандӯстро намунаи ибрат арзёбӣ намуда, ба ин оила барои саҳми арзишманд дар ободии диёр изҳори сипосу миннатдорӣ баён кардааст.

Қоҳир Расулзода, Сарвазири мамлакат дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар маросими ифтитоҳи иншооти гуногун иштирок карда, аз рафти корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва заминҳои кишоварзӣ боздид кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *