Гавҳар Мирҷумъаева – чеҳраи барҷастаи санъати рақси тоҷик (видео)
Имрӯз, 7 июл зодрӯзи Гавҳар Мирҷумъаева, раққоса, балетмейстер ва Ҳунарпешаи хизматнишондодаи Тоҷикистон аст.
Ӯ 7 июли соли 1941 ба дунё омада, аз чеҳраҳои барҷастаи санъати рақси тоҷик маҳсуб мешуд. Солҳои зиёд ҳамчун раққоса, сарбалетмейстер ва саркоргардони Филармонияи давлатии Тоҷикистон фаъолият намуда, ҳамчунин роҳбарии бадеии ансамбли рақсии «Фирӯза»-ро ба уҳда дошт.
Гавҳар Мирҷумъаева дар рушди санъати рақси миллӣ саҳми арзанда гузошта, рақсҳои машҳури тоҷикӣ, аз ҷумла «Муноҷот», «Гулъузорам», «Шодиёна», «Нағорабазм», «Бадахшон» ва дигар асарҳоро бо маҳорати баланд иҷро кардааст. Ӯ ҳамчунин дар чанд филми истеҳсоли «Тоҷикфилм» нақш офаридааст.
Ҳунари ӯ берун аз Тоҷикистон низ муаррифӣ гардида, дар сафари ҳунарӣ ба кишварҳои Эрон, Афғонистон, Канада, Покистон, Австрия, Сурия ва чанд давлати дигар иштирок кардааст.
Гавҳар Мирҷумъаева 15 апрели соли 2025 дар синни 83-солагӣ аз олам даргузашт. Аммо номи ӯ ҳамчун яке аз чеҳраҳои дурахшони санъати рақси тоҷик ҳамеша дар хотираи дӯстдорони фарҳанг боқӣ хоҳад монд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ