Дар Душанбе марди 75-соларо дар манзилаш куштанд

Дар шаҳри Душанбе ду сокини пойтахт бо гумони куштори як марди 75-сола бо мақсади ғорат боздошт шудаанд.

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ки гумонбарон Файзалӣ Қурбонов, 48-сола ва Шокир Марданов, 35-сола, сокинони пойтахт буда, барои ба даст овардани маблағ сокини 75-солаи ноҳияи Шоҳмансур Калимуллоҳ Сафиевро дар манзили истиқоматиаш ба ҳалокат расонидаанд.

Ба иттилои манбаъ, Файзалӣ Қурбонов, ки дар ҳамсоягии ҷабрдида зиндагӣ карда, ба мағозаи ӯ нӯшокиҳо дастрас менамуд, аз соҳиби маблағ будани ҳамсояаш огоҳ буда, ҳамроҳи додарарӯсаш Шокир Марданов нақшаи содир намудани ҷиноятро тарҳрезӣ кардааст.

Тибқи маълумоти мақомоти милитсия, гумонбарон шабона дар дохили манзил ба ҷабрдида ҳамла карда, бо корд дастонашро захмӣ намудаанд. Сипас даҳон ва бинии ӯро бо часп (скотч) маҳкам карда, дасту пойҳояшро бастаанд.

Ба гуфтаи манбаъ, дар натиҷаи ҷароҳатҳои бардошта ва нафастангӣ Калимуллоҳ Сафиев дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Вобаста ба ин ҳодиса аз ҷониби Прокуратураи ноҳияи Шоҳмансур тибқи моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (одамкушӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *