Марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳудуди Суғд пурра муайян шуд

Дар вилояти Суғд корҳои муайянсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Қирғизистон пурра ба анҷом расид.

Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, ба муносибати анҷоми корҳои муайянсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии сарҳади давлатӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо иштироки раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода, фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон генерал-лейтенант Муродалӣ Раҷабзода, намояндагони Вазорати мудофиа, масъулони дигар сохторҳо ва сокинон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Таъкид мегардад, ки дар натиҷаи фаъолияти пайвастаи комиссияҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон масъалаи муайянсозии сарҳади давлатӣ, ки тӯли даҳсолаҳо аз масъалаҳои муҳими муносибатҳои ду кишвар ба ҳисоб мерафт, пурра ҳалли худро пайдо кард.

Хатти сарҳади давлатӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон пурра муайян гардида, дар ноҳияҳои ҳамсарҳади вилояти Суғд беш аз 300 километр марз бо насби аломатҳои сарҳадӣ ва дигар инфрасохтори зарурӣ мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ муҷаҳҳаз шудааст.

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода анҷоми корҳои муайянсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Қирғизистонро дар ҳудуди вилояти Суғд дастоварди муҳими таърихӣ арзёбӣ кардааст.

“Ин иқдом барои таҳкими сулҳу субот, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва таъмини зиндагии осоиштаи сокинони ноҳияҳои ҳамсарҳад заминаи устувор фароҳам овард”, – гуфтааст раиси вилояти Суғд.

Дар чорабинӣ таъкид шудааст, ки таҳкими марз барои таъмини амнияти миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлатӣ, рушди муносибатҳои дӯстона ва зиндагии ороми сокинони минтақаҳои наздимарзӣ аҳамияти бузург дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *