Ифтитоҳи корхонаи металлургии сурма бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ
Субҳи имрӯз, 7 июл Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар ноҳияи Айнӣ корхонаи металлургии сурма дар назди Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Талко Голд» -ро мавриди истифода қарор дод.
Ба иттилои дафтари матбуоти Президенти кишвар, корхона бо технологияҳои муосири истеҳсолӣ муҷаҳҳаз буда, иқтидори солонаи он то 5 ҳазор тонна коркард ва истеҳсоли металли сурмаро ташкил медиҳад.

Захираҳои кон беш аз 23 миллион тонна маъдан, наздик ба 50 тонна тилло ва зиёда аз 265 ҳазор тонна сурмаро ташкил медиҳад ва он яке аз калонтарин конҳои минтақа ба шумор меравад.
Дар ҳамин ҷо Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди боз як корхонаи металлургӣ бо иқтидори солонаи истеҳсоли 2 тонна тилло санги асос гузошт.
Инчунин, дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Айнӣ ба таври фосилавӣ 10 иншооти нав мавриди истифода қарор гирифтанд.


Ба иттилои дафтари матбуоти Президенти кишвар, иншоот ба соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш ва муқаддасоти Ватан тааллуқ дошта, аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ ва соҳибкорон бунёд шудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ