Дар Шаҳристон комплекси сайёҳӣ бунёд мешавад
Имрӯз, 7 июл Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон бо лоиҳаи сармоягузорӣ барои бунёди комплекси сайёҳии Шаҳристон – эко резорт шинос шуд.
Ин иншооти сайёҳӣ аз чор марҳилаи сохтмонӣ иборат аст ва то ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ дар мавзеи Хуррамдараи ноҳияи Шаҳристон бунёд мегардад.

“Масоҳати умумии ин комплекси сайёҳӣ 15 гектарро ташкил дода, дар он ба масофаи зиёда аз 5 километр таноброҳ сохта мешавад”,-иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти Сарвари давлат.
Дар доираи лоиҳа оянда дар ин мавзеъ меҳмонхона барои қабули 1000 сайёҳи дохиливу хориҷӣ сохта хоҳад шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ