Афзоиши занони роҳбар дар Тоҷикистон

Ба ҳолати 1 июли соли 2026 шумораи умумии воҳидҳои корӣ дар мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот 22 ҳазору 861 ададро ташкил дода, 18 ҳазору 921 нафар хизматчиёни давлатӣ фаъолият доранд. Теъдоди ҷойҳои холии хизмати давлатӣ 3940 адад ё 17,2 фоизро дар бар мегирад.

Дар ин бора имрӯз, 7 июл зимни нишасти матбуотии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.

Шумораи занон дар хизмати давлатии шаҳрвандӣ ба 4816 нафар ё 25,4 фоизи шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ расидааст. Аз 6203 нафар кадрҳои роҳбарикунанда 1168 нафарро занон ташкил медиҳанд. Сафи занон дар хизмати давлатӣ зиёд шудааст.

Ҳамчунин шумораи ҷавонони то 35-сола 9300 нафар ё 49,1 фоизи хизматчиёни давлатиро ташкил дода, аз ин шумора 1755 нафар дар мансабҳои роҳбарикунанда фаъолият менамоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *