Зубайр Каримзода дар шаҳри Остона соҳиби Шоҳҷоиза шуд
Зубайр Каримзода дар 13-умин фестивал-озмуни байналмилалии “VIVA ASTANA” сазовори Шоҳҷоиза гардид.
Тавре ки Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар медиҳад, фестивал-озмуни мазкур 27-уми июни соли 2026 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор шуд. Дар он намояндагони Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Русия иштирок намуданд.

Тоҷикистонро дар ин озмун Зубайр Каримзода бо суруди “Республикаи ман” намояндагӣ кард. Ҳунарнамоии ӯ аз ҷониби ҳакамон баланд арзёбӣ шуда, сазовори Шоҳҷоизаи фестивал гардид. Ҳамчунин, ба ӯ ду роҳхати ройгон ба кишварҳои Гурҷистон ва Озарбойҷон тақдим карда шуд.
Дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон Зубайр Каримзодаро ба муносибати ин дастоварди фарҳангӣ истиқбол намуданд. Роҳбарияти вазорат ғолибиятро ба ҳунарманд ва аҳли фарҳанги кишвар табрик гуфта, онро аз дастовардҳои муҳими фарҳанги тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ арзёбӣ карданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ