Зарбаи мушакии Исроил ба беморхона дар Кирмоншоҳ

Субҳи имрӯз, тахминан соати 9, бар асари зарбаи мушакӣ ба шаҳри Кирмоншоҳи Эрон, беморхонаи «Форобӣ» ва як қатор муассисаҳои дигари тиббӣ осеб диданд.

Манбаъҳои маҳаллӣ аз харобшавии инфрасохтори тиббӣ хабар дода, аммо то ҳол маълумоти расмӣ дар бораи талафоти ҷониву ҷароҳатдидагон эълон нашудааст.

Мақомоти Эрон масъулияти ин ҳамларо ба дӯши Исроил гузошта, онро нақзи ошкорои ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона арзёбӣ карданд. Ба гуфтаи онҳо, ин ҳамла ба муассисаҳои шаҳрвандӣ, аз ҷумла марказҳои тиббӣ, нигаронида шудааст.

Айни замон, вокуниши созмонҳои байналмилалӣ ва изҳороти расмӣ аз ҷониби Исроил ба нашр нарасидаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *