Туркманистон ба хориҷиён барои хуруҷ аз Эрон кӯмак мерасонад

Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон иттилоъ дод, ки барои баромадани шаҳрвандони хориҷӣ аз қаламрави Эрон мусоидат мекунад.

Дар як изҳорот, ки рӯзи 16-уми июн нашр шуд, гуфта мешавад, ки то имрӯз беш аз 120 нафар шаҳрвандони Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Тоҷикистон, Руминия ва як қатор кишварҳои дигар тавассути гузаргоҳҳои Туркманистон аз Эрон хориҷ карда шуданд.

“Онҳое, ки омадаанд, бо воситаҳои нақлиёт, маводи ғизоӣ, ҷойи зист ва дигар лавозимоти зарурии рӯзгор таъмин карда шуданд,” — омадааст дар хабарномаи расмӣ.

Мақомоти Туркманистон таъкид карданд, ки дар пасманзари бад шудани вазъ дар Эрон, чораҳои фаврӣ меандешанд, то шароит барои хуруҷи дипломатҳои хориҷӣ, аъзои хонаводаи онҳо ва дигар шаҳрвандони хориҷие, ки айни замон дар Эрон қарор доранд, муҳайё карда шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *