Жириновский Тоҷикистонро ба СССР даъват мекунанд
Сиёсатмадори рус Владимир Жириновский ҳамаро, аз ҷумла Тоҷикистонро ба СССР-и нав даъват кардааст.
Раҳбари ҳизби қавмгарои либерал-Демократи Русия рӯзи 21 июл дар саҳифааш дар шабакаи Твиттер навишт, “дар сурати будани хоҳиш, метавон СССР-ро аз нав ташкил кард. Ба он Эрон, Туркия ва кишварҳои дигарро даъват кард.” СССР, ба назари Жириновский, бояд “союз свободных социальных республик”(иттиҳоди ҷумҳуриҳои озоди иҷтимоӣ) бошад. Тибқи “нақша”-и Жириновский, Русия, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Туркия, Эрон, Сурия, Ироқ, Қирғизистон, Туркманистон, Украина, Гурҷистон, Молдова, Узбакистон ва Тоҷикистон метавонанд узви СССР-и нав шаванд. Жириновский дар гузашта низ бо баёнияҳои моҷароҷӯёнааш дар масоили мухталиф маъруф буд. Ӯ аз ҷумла чанд дафъа пешниҳод карда буд, ки Русия бо Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ виза ҷорӣ кунад. Ба пешниҳоди ахири ин сиёсатмадори пурмоҷаро ҳанӯз ягон кишвар вокуниш накардааст.
Шарҳ