Зиёда аз 50 санади нав. Ширкатҳои сайёҳии Эрон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳамкорӣ мекунанд (аудио)

— Ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон, Эрон ва Ӯзбекистон дар бораи ҳамкорӣ зиёда аз 50 санади нав ба имзо расониданд,- хабар медиҳад IRNA.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон, ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон дар як ҳамоиши минтақавии рушди гардишгарӣ, ки бино ба гузоришҳо, ҳайатҳои Тоҷикистон, Эрон ва Ӯзбекистон ширкат доштаанд, дастовардҳои худро дар соҳаи сайёҳӣ ва бахшҳои марбут ба он ба намоиш гузоштаанд.

Гуфта мешавад, ки ҳайати Эрон бо роҳбарии Муҳаммад Тағӣ Собирӣ — сафири Эрон дар Тоҷикистон омодагии Эронро барои густариши ҳамкориҳо бо Тоҷикистон дар заминаи тавсеаи бахшҳои мухталифи гардишгарӣ, аз ҷумла сайёҳии таърихию фарҳангӣ, экологӣ ва пизишкӣ эълон кардааст.

Ёдовар мешавем, ки 12-уми ноябри соли равон дар шаҳри Душанбе Форуми минтақавӣ оид ба рушди сайёҳӣ баргузор гардида буд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.