Зодаи Тоҷикистон дар Миср соҳиби ҷоиза шуд

Аслигул Тиллохонова, зодаи Тоҷикистон дар озмуни байналмилалии забони англисӣ ва арабӣ дар шаҳри Қоҳираи Ҷумҳурии Арабии Миср соҳиби ҷоиза ва диплом шуд.

Чанде қабл тариқи онлайн  озмуни байналмилалии забони англисӣ ва арабӣ баргузор шуд, ки Аслигул Тиллохонова дар он иштирок намуда, сипас ба шаҳри Қоҳираи  Ҷумҳурии Арабии Миср даъват  шуд. Ӯ  дар Донишгоҳи Ал-Азҳари шаҳри Қоҳира миёни 43 давлати дунё баромад намуда, соҳиби ҷоиза ва диплом гардидааст.

Аслия ҳамзамон соли 2017 дар шаҳри Вашингтон дар барномаи «Flex» иштирок карда, миёни 35 давлат ҷои 3-юмро соҳиб шуда буд. Номбурда  хатмкардаи факултети забони англисии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *